Табрикоти солинавии ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба кулли профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ

Бинанда: 1075 | Санаи нашр: 31 December 2020

Омӯзгорон ва донишҷӯёни азиз!

Соли 2020, ки аз тақвими зиндагии мо сафар дорад, новобаста аз мушкилоти ҷаҳоние, ки аз худ боқӣ гузошт, барои ҷомеаи Тоҷикистон, аз ҷумла ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба шарофати дар партави ғамхориҳои доимӣ ва татбиқи сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли талошҳо ба ояндаи нек гардид.

Ду маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан интихоботи президентӣ, ки дар соли рафта бо фаъолмандии баланди мардуми шарифи Тоҷикистон сурат гирифтанд, посухи қотеъонаи шаҳрвандони мамлакатро исбот намуданд, ки аз сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат ҷонибдорӣ мекунанд. Ба ҷонибдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз додани 90,92 дарсади интихобкунандагон маънии онро дорад, ки тоҷикистониён ояндаи худу ин марзу бумро маҳз ба ин шахси бузург ва сиёсати муваффақонаи ӯ бовар мекунанд.

Аз ҳама муҳимаш, бо соли 2020 дар фазои сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ, рӯҳияи созандагӣ хайрбод мегӯем.

Баргузории озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки дар соли рафта баргузор шуд, ба як рӯйдоди муҳими фарҳангиву маърифатии Тоҷикистон табдил ёфт ва бори дигар исбот намуд, ки тоҷикон мардуми илму адабиётдӯст мебошанд.

Омӯзгорон ва донишҷӯёни гиромӣ!

Барои устодону донишҷӯёни донишгоҳи мо низ соли сипаригашта соли таблиғи илму фарҳанг, соли бузургдошти маънавиёт, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ буда, натиҷаи заҳмати пурмаҳсули ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён арзёбӣ мегардад. Маҳз дар ин сол дастовардҳои ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон чашмрас аст. Аз ҷумла, дар соли 2020 дар донишгоҳ беш аз 10 нафар рисолаи докторӣ ва рисолаи номзадии худро ҳимоя намуданд. Дар олимпиадаи Ҷоми президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон донишҷӯёни донишгоҳ ғолиб ва соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд. Дар Олимпиадаи донишҷӯёни макотиби олии Тоҷикистон бошад, 5 нафар донишҷӯи донишгоҳ бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамкорон ва шогирдони азиз!

Эътимоди комил дорам, дар Соли нави мелодии 2021, ки ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил ва кишвари маҳбубамон мизбони чорабиниҳои муҳими сатҳи байналмилалӣ мегардад, мардуми шарафманди тоҷик бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, бо азму иродаи қавӣ ва ифтихор аз меҳану ватандорӣ раванди шоҳкориву ободонӣ ва созандагию шукуфоиро идома медиҳанд. Боварӣ дорем, ки дар иҷрои ин корҳои муҳим ҳар кадоми мо низ саҳмгузор хоҳем буд.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, Шумо устодону кормандон ва донишҷӯёнро бо фарорасии Соли нави мелодӣ сидқан табрик намуда, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ, хонаободӣ, хуррамиву осоиши рӯзгор, иқболи баланд ва дар фаъолияти таълимиву илмиатон комёбиҳо орзу менамоям.

Наш адрес

Адрес: 734061, Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Дехоти 1/2, Таджикский государственный
университет коммерции

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top