Кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ ҳамчун кафедраи тахассусӣ ва поягии донишгоҳ, фаъолияти таълимӣ-методӣ ва илмии худро ҳанӯз аз аввали таъсисёбии ин боргоҳи дониш оғоз карда, онро то ба имрӯз идома медиҳад.

Аз 13-уми апрели соли 2022 ба вазифаи мудири кафедра номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Комилҷон Алимов таъин гардид ва боиси ифтихор аст, ки ӯ худ хамткардаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мебошад.

Ҳайати устодони кафедра бо мақсади таъмин намудани ҷараёни таълим бо маводи зарурӣ ва баланд бардоштани сифати он, инчунин ба корҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҷалб намудани ҷавонон дар панҷ соли охир як қатор монографияҳо, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва методиро ба чоп расонидаанд.

Саҳми олимони кафедра дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогии ҷавон низ хеле назаррас аст. Алҳол панҷ нафар олимони кафедра узви Шӯрои диссертатсионии назди донишгоҳ мебошанд. Аксари олимони кафедра роҳбарии аспирантонро ба ӯҳда доранд. Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён бо номи «Соҳибкори ҷавон» амал мекунад, ки нақши он дар ҷалб намудани донишҷӯён ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ хеле назаррас аст.

Бояд қайд кард, ки шумораи зиёди хатмкардагони кафедраи мазкур дар вазифаҳои масъули давлатӣ, ба ҳайси роҳбарон ва мутахассисони сохторҳои гуногуни тиҷоратӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт сарбаландона фаъолият доранд ва бо кафедра робитаи қавӣ доранд.

Кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ бо як қатор вазорату идораҳо ва корхонаҳо аз қабилӣ: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии Тоҷикстандарт, Иттифоқи Тоҷикматлубот, Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶДММ “Фабрикаи Шири Саодат” ва ғайраҳо оид ба гузаштани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ шартномаҳо дорад, ки донишҷӯён ба таҷрибаомӯзӣ равон карда мешаванд.

Кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ мутахассисонро аз руи ихтисосҳои зерин омода менамояд:

25010705-Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо;

25010720- Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳои хизматрасонӣ;

25010717-Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳои сайёҳӣ;

25010732-Иқтисодиёт ва ташкили бизнеси тарабхонаҳо;

26020101-Бизнес, маъмуриятчигӣ дар соҳаи истеҳсолот ва хизмат.

25010705-Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо

Баъди хатми ихтисоси 25010705 - иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо, мутахассисон метавонанд дар соҳаҳои зерин кору фаъолият намоянд:

  • Вазорату идораҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
  • Корхонаҳои соҳаи савдо, истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва хӯроки омма;
  • Бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ;
  • Корхонаву ташкилоту муассисаҳои шакли моликияташон гуногун ва ғайраҳо.

25010720-Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳои хизматрасонӣ

Баъди хатми ин ихтисос мутахассисон ин соҳа  дар дохил ва хориҷи кишвар дар соҳаҳои зерин кору фаъолият менамоянд.

  • Корхонаҳои хизматрасонии соҳаҳои алоқа, нақлиёт, бонкӣ, суғуртавӣ, сайёҳӣ, манзилию коммуналӣ, савдо, истеҳсолот ва ғайра
  • Шуъбаҳои иқтисодӣ, таҳлилӣ, молиявӣ ва маркетингии корхонаву ташкилоту муассисаҳо
  • Дар мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллӣ
  • Ба сифати идоракунанда-роҳбар дар корхонаҳои соҳаи хизматрасонӣ
  • Ба сифати иқтисодчӣ дар вазорату кумитаҳо ва агентиҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо.

25010732-Иқтисодиёт ва ташкили бизнеси тарабхонаҳо

Хатмкунадагони ихтисоси иқтисодиёт ва ташкили бизнеси тарабхонаҳо метавонанд дар соҳаҳои савдо ва хуроки омма, хизматрасонии маишӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисодёти мамлакат кору фаъолият  намоянд.

25010717-Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳои сайёҳӣ

Хатмкуннадагони ихтисоси 25010717- иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳои сайёҳӣ метавонанд дар вазифаҳо ва соҳаҳои зерин фаъолият намоянд.

  • Ба ҳайси роҳбар идоракунада дар корхонаҳои соҳаи сайёҳӣ
  • Дар вазорату идораҳо ва кумитаҳои давлатӣ
  • Дар шуъбаҳои молиявию иқтисодии ширкатҳои сайёҳӣ
  • Дар корхонаҳои шакли моликияташон гуногун ва ғайраҳо.

26020101 - Бизнес - маъмуриятчигӣ дар соҳаи истеҳсолот ва хизмат.

Хатмкунандагони ихтисоси бизнес - маъмуриятчигӣ дар соҳаи истеҳсолот ва хизматрасонӣ метавонанд дар соҳаҳои тиҷорат, истеҳсолот, хизматрасонӣ  ба сифати роҳбар кору фаъолият намоянд.

Фанҳои таълимии кафедра

Дар кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ аз руи фанҳои тахассусии:  

  1. Иқтисоди корхона, 2. Тањлили иќтисодї, 3. Тањлили молиявї, 4. Асосҳои соҳибкорӣ, 5. Иќтисоди хӯроки омма, 6. Наќшагирї дар корхона, 7. Таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ,8. Иќтисодиёти сайёҳӣ, 9. Иќтисодиёти амволи ѓайриманќул, 10. Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои хизматрасонӣ, 11. Баҳодиҳии бизнес,12. Нархгузорӣ,13. Иќтисодиёт ва ташкили соњибкории хурд, 14. Таҳияи лоиҳаи соҳибкорӣ,15. Соҳибкории байналмилалӣ,16. Соњибкории иноватсионї, 17. Маданияти бизнес,18. Бизнес дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,19. Иқтисоди миллӣ, 20. Назарияи таҳлили иқтисодӣ, 21. Нақшагирии стратегӣ, 22. Иқтисодиёти инноватсионӣ, 23. Иқтисодиёти саноат ба донишҷӯён таълим дода мешавад.
  2. Корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра

Олимони кафедраи “Иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ” дар самти корҳои илмию таҳқиқотӣ хеле фаъол буда, бахусус дар масъалаҳои мубрами иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла стратегияи рушди бозори молњои истеъмолї дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рақобатпазирии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон дар бозори хизматрасонии тањсилоти љањонї, масоили иќтисодӣ - иљтимоии рушди соњибкорӣ дар Ҷумҳурии Тољикистон, назария, амалия ва стратегияи рушди иљтимої-иќтисодии савдои чакана дар шароити муосир таҳқиқоти илмӣ анҷом медиҳанд.

  1. Ҳайати омӯзгорони кафедра
  2. Алимов Комилҷон Кассирович-мудири кафедра, н.и.и., и.в.,дотсент
  3. Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович-д.и.и., профессор.
  4. Ҷамшедов Маҳмадназар- д.и.и., и.в., профессор.
  5. Шаропов Фарҳод Раззоқович -д.и.и., и.в., профессор.
  6. Толибов Қобил Қосимович-д.и.и., и.в., профессор.
  7. Қодирова Заррина Ҳалимовна-д.и.и., и.в., профессор.
  8. Сангинов Назрулло Сангинович -н.и.и., дотсент.
  9. Исматуллоев Исматулло Убайдович-н.и.и., дотсент.
  10. Ҳабибова Сабоҳат Сафиувлоевна-н.и.и., и.в., дотсент.
  • Мухторзода Саидмухтори Саидаҳрор -н.и.и., и.в., дотсент.
  • Мариншоев Муқбил Мунаваршоевич -н.и.и., и.в., дотсент.
  • Валиев Низомиддин Шаробидинович-н.и.и., и.в., дотсент.
  • Ахмедов Азизхон Абдураҳмонович – муаллими калон .
  • Улфатшоев Фируз Султоншоевич– муаллими калон.
  • Қодиров Абдуҳотиф Вадудович– муаллими калон.
  • Амонов Саҳбон Сарватҷонович – н.и.и.
  • Ҷамшедова Савриннисо Маҳмадназаровна – ассистент.
  • Рахимова Рухшона Ҳамзаевна– ассистент.
  • Фозилова Зебо Рустамҷоновна – ассистент.
  1. Сидиқов Фурқат – ассистент.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top