Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Асосӣ Demo contents Хабархои сиёси Чанд ғулом наметавонанд «анҷумани озодандешон» таъсис намоянд

Таҳсилоти фосилавӣ

Sample image

Таҳсилоти замонавӣ дар инҷо бунёд мегардад.

Муфаcсал

Робитаҳои байналмилалӣ


Самтҳои асосии фаъолияти шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ

Муфаcсал

Литсей

Sample image

Литсей дар назди донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон.

Муфаcсал

Китобхона

Sample image

Китобхонаи донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон .

Муфаcсал

Донишгоҳи мо - ояндаи дурахшони Шумо

Хабарҳо

Навид аз Санкт-Петербург Чанде пеш дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия дар ҷаласаи Шӯрои Маҷмаи байнипарлумонии давлатҳои узви...
Конференсия дар “Ҳилтон” 14 - уми декабри соли 2018 дар меҳмонхонаи “Ҳилтон” бо ташаббус ва дар асоси барномаи Сафорати Британияи Кабир дар...
Ифтитоҳи қаҳвахонаи ”Ҷило” Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар баробари дуруст ба роҳ мондани кори таълиму тарбия ба ҳалли...
Семинари омӯзишӣ Дар донишгоҳ дар асоси созишномаи ҳамкорӣ бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”...
Курси такмили ихтисос Аз 19 – ум то 29-уми ноябри соли равон бо саъю кӯшиши роҳбарият ва мутахассисони шуъбаи такмили ихтисос, таҷриб...
Бизнес – тренинг дар донишгоҳ Бизнес – тренинг дар донишгоҳ 28-юми ноябри соли 2018 дар ДДТТ бо ташаббуси сардори Раёсати илм ва инноватсия, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент...
Нақши илму адаб дар пешрафти ҷомеа Нақши илму адаб дар пешрафти ҷомеа   23-юми ноябри соли 2018 дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқи ДДТТ ба муносибати ба кор...
Таҳсилот бидуни марз Таҳсилот бидуни марз 23–юми ноябри соли 2018 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳафтаи ХII таҳсилоти Созмони ҳамкории Шанхай “Таҳсилот...
Низоми коргузорӣ дар шуъбаи умумӣ Низоми коргузорӣ дар шуъбаи умумӣ 23-юми ноябри соли 2018 дар шуъбаи умумии донишгоҳ семинари илмӣ -назариявӣ дар мавзӯи "Тартиби дурусти коргузорӣ...
Парчам ифтихори мост Парчам ифтихори мост 21-уми ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 24-умин солгарди Рӯзи Парчами...
Рӯзи Президент дар Беларус Рӯзи Президент дар Беларус 16-уми ноябри соли 2018 бо ташаббуси магистри Донишгоҳи иқтисод ва савдои шаҳри Гомели Ҷумҳурии Беларус Фарида ...
Нақши бузурги иқтисодию стратегии «Роғун» Нақши бузурги иқтисодию стратегии «Роғун» 15-уми ноябри соли 2018 бо ибтикори роҳбарият ва аъзои кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ ...
Ҷавонон ва масоили мубрами замони муосир Ҷавонон ва масоили мубрами замони муосир Аз 8-ум то 12-уми ноябри соли 2018 дар шаҳри Саняни Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи Маҷмаи ҷавонони Созмони Ҳамкории...
Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ 12–уми ноябри соли равон дар донишгоҳ бо дастгирии Департаменти давлатӣ ва Департаменти маорифи Сафорати ШМА...
Ҳамоиши нахустини илмии донишҷӯён Ҳамоиши нахустини илмии донишҷӯён 9 – уми ноябри соли 2018 ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳок...

Чанд ғулом наметавонанд «анҷумани озодандешон» таъсис намоянд

Ин номи баланд ва ин даъвои бузург боис шуд, то таваҷҷуҳ намоем, ки ин ин «озодандешон» кистанд ва ин иқдом то куҷо ҷиддист? Аммо, афсӯс, ки таҳқиқи масъала чизе бисёр ҳақиртар аз ин ному аз ин даъворо нишон дод. Бинобар ин, зарур донистем, ки баъзе мулоҳизаҳои худро нисбат ба ин «анҷуман» ва муассисони он ироа намоем.
Агар ибораҳои воҳиманоки «афроди шинохта», «шахсиятҳои сиёсии тоҷик», «рӯшанфикрони миллат», «озодандешони тоҷик» ва ғайраро, ки расонаҳои бегона дар муаррифии муассисони ин «анҷуман» истифода кардаанд, бо рӯйхати муассисон муқоиса кунем, мебинем, ки дар байни онҳо ягон шахсияти шинохта ё фарҳангии тоҷик вуҷуд надорад. Магар касе дар Тоҷикистон «шахсияти сиёсӣ» ё «фарди шинохта»-еро бо номи Темури Варқӣ, Равшани Темуриён, Аюб Эгамов ё Ҳаким Рабимпур мешиносад? Чи тавр чанд шахси гумном, ки се нафари онҳо ҳатто модарзод тоҷик набуда, забони тоҷикиро низ намедонанд, худро бешармона «озодандешони тоҷик» номидаанд? Аз кай боз намояндагони халқи бародар Темур Қиличовичу Равшан Темурович миллаташонро иваз карда, тоҷик шудаанд? Магар котиби матбуотии Маҳмуд Худойбердиевро, ки солҳо аз фаъолияти зиддитоҷикии ӯ репортаж таҳия мекард, «озодандеши тоҷик» номидан мумкин аст? Ё магар Аюб Эгамовро, ки як қаллоби техникӣ буда, дар Россия шахсан барои муҳоҷирони меҳнатӣ ҳуҷҷатҳои қалбакӣ сохта мефурӯшад, «шахсияти сиёсию фарҳангии тоҷик» номидан чӣ маъно дорад?
Албатта, дар ин рӯйхат номи ду «чеҳраи интернетӣ», яъне Сайидюнуси Истаравшанӣ ва Алим Шерзамонов низ дида мешавад, ки онҳо на бо фарҳангу озодандешӣ, балки маҳз ба фитнагарию муздурию хиёнаташон дар фазои маҷозии тоҷикизабон «шӯҳрат» ёфтаанд. Муздурии С.Истаравшанӣ баҳси дигар аст, аммо шояд Алим Шерзамонов, ки ба хотири фош шудани қаллобӣ ва барнагардонидани қарзҳои калон аз бонкҳои Тоҷикистон аз кишвар фирор карда, ҳоло нисбаташ бо ин ҷурмҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст, мехоҳад аз ҷиноятҳо гурехта, зери номи «сухангӯи Анҷумани озодандешони тоҷик» пинҳон шавад?
То имрӯз зери мафҳуми озодандешону фарҳангиёни тоҷик мо шахсиятҳое чун Мӯъмин Қаноат, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Гулрухсор,
Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Раҳими Мусулмониён ва ғайраро мешинохтем. Наход муассисони ин анҷуман то дараҷае ақлашонро хӯрда, худашонро бо чунин чеҳраҳои фикрию фарҳангии тоҷик баробар дониста бошанд? Наход акнун кори миллат то ҷое расида бошад, ки як мушт хоину авбош ва афроди бегона аз ҷавҳару арзишҳои тоҷикӣ худро «озодандешони тоҷик» ва «афроди шинохтаи фарҳангии тоҷик» муаррифӣ кунанд? Бешубҳа, ин таҳқири ошкоро ба миллати бузургест, ки ҳазорон фарзанди фарҳангсолору сиёсатмадор дорад.
Хулоса, такяи мухолифин ва хоҷагони онҳо ба ин дастаи шахсиятҳои гумному бадном нишондиҳандаи пурра аз байн рафтани заминаи иҷтимоии онҳо дар дохили кишвар аст. Ин ҳолат ҳамон масали тоҷикиро ба ёд меорад, ки «аз бенамакӣ сангро намак ва аз беамакӣ харро амак гуфтаанд».
Масъалаи дигари ҷолиб вобастагии аксари муассисони ин «анҷуман» ба хадамоти махсус ва доираҳои идеологии кишварҳои муайян мебошад. Аз шаш муассиси ин анҷуман, як нафар (Ҳаким Рабимпур) умуман зода ва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон набуда, панҷ нафари дигар низ солҳо пеш шаҳрвандии Тоҷикистонро зери по гузошта, шаҳрвандии кишварҳои дигарро қабул кардаанд. Пас, онҳо аллакай ҳуқуқи маънавӣ ва асоси ҳуқуқии сухан гуфтан дар бораи Тоҷикистонро аз даст додаанд. Чун онҳо дар асл як гурӯҳ шаҳрвандони хориҷиянд.
Аз ин миён, махсусан вобастагию муздурии Равшан Темуриён, Саидюнус Истаравшанӣ ва Алим Шерзамонов ба хадамоти хориҷӣ кайҳо муайян карда шуда, барои тамоми коршиносон маълум аст. Пас, чи гуна ватанфурӯшону муздурон дар бораи ватан ва «бунёди Тоҷикистони навин» даъво мекунанд?
Аммо аҷибтарин кори ин анҷуман дар ҳайати муассисонаш ҷой ёфтани номи С.Истаравшанӣ аст. Ин ватанфурӯш на танҳо давлату миллат, балки мазҳаби аҷдодии тоҷиконро низ кайҳо фурӯхта мазҳаби охундҳои шиаро қабул кардааст. Чӣ тавр метавон тасаввур кард, ки як охунди мутаассиби бо тамоми вуҷудаш душмани демократия ва дунявият, эълом намояд, ки мақсадаш «ниҳодина кардани фарҳанги демукросӣ» ва «ҳифзи дунявият» дар Тоҷикистон мебошад?
Ин агенти собиқадори шиизми байналхалқӣ аз назари физикӣ ҳам дар асорати доираҳои махсуси мазҳабӣ қарор дошта, ҳатто ҳуқуқи озодона берун рафтан аз ҳудуди ҶИ Эронро надорад. Чанде пеш вай дар посух ба баъзе пайомакҳо, ки ӯро барои музокира ба Туркия ё Дубай даъват намуда буданд, навишта буд, ки «мутаассифона, ҳаққи хуруҷ аз Иронро надорам...» Пас, чи гуна шахси ғулом ё инсоне, ки андеша ва зиндагияш пурра ба иродаи хоҷагонаш вобаста аст, метавонад «анҷумани озодандешон» таъсис диҳад? Ин пародия ба озодандешӣ ва ё таҳқири мафҳуми «озодандешӣ» аст. Ҳамин тавр, истифода аз номи ин чеҳраи манфури иртиҷоиро метавон ҷиддитарин хатои «муассисон» ё «муассисони муассисон»-и ин анҷуман номид, ки боиси аз аввал маҳкум ба нокомӣ шудани ин нақша шудааст.
Мушоҳида нишон медиҳад, ки «муассисон»-и ин анҷуман дар асл ҳамон афроди наздик ба Раиси ТЭТ ҲНИТ М.Кабирӣ буда, маошхӯрону ҳамфикрони ӯянд. Маҳз ҳамин афрод дар конфронсу ҳамоишҳои хориҷӣ дар канори М.Кабирӣ нишаста, барои ӯ свита ё воҳима месозанд; ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти ТЭТ ҲНИТ-ро ҳимоя мекунанд. Ин ҷо низ савол пеш меояд, ки чи тавр тарғиботчиён ва идеологҳои терроризму экстремизм метавонанд «озодандешон» ба ҳисоб раванд? Чи тавр касоне, ки аз як ҳизби террористӣ ҳимоят мекунанд, худро «озодандеш» меноманд?
Илова бар ин, маҳз аз ҳисоби атрофиён ва котибони матбуотии М.Кабирӣ таъсис шудани чунин «анҷуман», пеш аз ҳама ду ҷанба дорад:
Ҷанбаи сиёсии масъала ин аст, ки дар ду соли охир М.Кабирӣ бо супориши хоҷагони охундии худ бисёр кӯшиш кард, то бо ҷамъ кардани гурӯҳҳои мухолифи хориҷӣ як «эътилофи нерӯҳои мухолифини тоҷик»-ро ташкил кунад. Зеро хоҷагони ботаҷрибааш хуб дарк мекунанд, ки моҳияти иртиҷоӣ ва террористии ҲНИТ рӯз ба рӯз ба ҷаҳониён ошкор шуда, дар оянда дастгирии рӯйирости ин ташкилот мушкилтар хоҳад буд. Бинобар ин, ташкили эътилофи нерӯҳои оппозитсионӣ ё ИНОТ-2 як навъ ниқобӣ демократӣ ба моҳияти террористии ҲНИТ мешуд. Вале худхоҳии М.Кабирӣ боис гашт, ки ташкилотҳое чун «Гурӯҳи 24» ва «Ватандор», ки моҳҳо бо ҲНИТ дар бораи эътилоф музокира карданд, аз ин лоиҳа расман даст кашанд. Зеро ҳамагон мақсади шуми ин нақшаро дарк карданд ва нахостанд, ки бозичаи дасти наҳзатиён шаванд.
Бинобар ин, нақшаи хоҷагони Кабирӣ дар бораи таъсис додани «ИНОТ-2» ҳам дар фазои иттилоотию таблиғотӣ ва ҳам дар майдони сиёсию амалӣ пурра шикаст хӯрда, ТЭТ ҲНИТ дар саҳна боз танҳо монд. Аз ин рӯ, бо таъсиси ташкилоти киссагие чун «Анҷумани озодандешони тоҷик» ҲНИТ ва соҳибонаш мехоҳанд тасаввуреро ба вуҷуд оранд, ки гӯё чандин «ташкилоти сиёсӣ» бо онҳо ҳамкор буда, метавонанд эътилофи васеъ ташкил кунанд. Агар бо таърихи ин равандҳо нигарем, маҳз ҳамин ҳиллаи сиёсиро роҳбарони ҲНИТ бо маслиҳати ҳамин хоҷагонашон дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон барои таъсиси ИНОТ-и якум низ истифода карда буданд. Аммо дар асл, ин «эътилоф»-ро худашон дар самти манфиатҳои худашон идора мекарданд.
Маҳз аз тарафи ҳамон хадамоти махсус ва аз тарафи ҳамон охунд - хоҷагони ТЭТ ҲНИТ тарҳрезӣ шудани ин нақшаро метавон ҳатто дар матни баёнияи ин «анҷуман» мушоҳида кард. Зеро калимаю ибораҳое чун «ниҳодина кардан», «фарҳанги демукросӣ», «манофеи кишвар», «ҳаддиаксари ҳуқуқ», «торихи ғанӣ», «аҳзоб», «демукротик» ва ғайра хосси забони адабии муосири тоҷикӣ набуда, ягон фарҳангии тоҷик онҳоро дар ин шакл истифода намекунад. Яъне, ҳатто матни баёнияи ин «анҷуман» дар Теҳрон ё Қум таҳия гаштаву ба «муассисон»-и аз забон бегонаи он фиристода шудааст, то зери он имзо гузоранд. Ин воқеият бори дигар ба кӣ будани муассисони ҳақиқии ин «анҷуман» ишора мекунад. Маълум аст, ки нақшаи «Озодагон» ноком шуд, акнун ба тарҳи «Озодандешон» гузаштаанд...
Аммо хоҷагони ҲНИТ як ҳақиқатро фаромӯш кардаанд, ки давлат ва мардуми Тоҷикистон аллакай ин марҳиларо гузашта, акнун ин ҳилла ва ин изи пойи онҳоро бисёр хуб мешиносад. Бинобар ин, мардуми Тоҷикистон дигар ба ин хел дасисаҳо дода нашуда, фиреби чунин «анҷуман»-ҳоро намехӯрад.
Ҷанбаи тиҷоратии ин иқдом барои Кабирӣ дар он аст, ки бо таъсиси ташкилоти иловагӣ, гирифтани гранту кумакҳои хориҷӣ хеле осонтар мегардад. Кабирии тоҷир бо ин қадами тиҷорӣ метавонад даромадашро дучанд кунад. Акнун ҳар боре як миллион доллар барои чархонидани ҲНИТ гирад, як миллиони дигар ба номи «Анҷумани озодандешони тоҷик» мегирад. Огоҳон медонанд, ки мақсади ин шахс, пеш аз ҳама, тиҷорат ва даромад аст ва барои ин кор аз ҳеҷ чиз даст намекашад. Мувофиқи гузоришҳо фақат дар се соли дар хориҷа қарор доштан, сармояи М.Кабирӣ се баробар афзоиш ёфтааст. Аз ин назар, «анҷуман»-и навро таъсиси канали дигари дарёфти кумаку грантҳо ё дақиқтараш, таъсиси ширкати навбатии тиҷории Кабирӣ номидан мумкин аст.
Баёнияи ин анҷуман нишон медиҳад, ки муассисон аз таҳаммули қоғаз истифода бурда, тамоми мафҳумҳо ва даъвоҳои баландро навиштаю эълон кардаанд. Аммо бо фарқ аз онҳо, имрӯз дар Тоҷикистон давлатмардон ва озодандешони ҳақиқӣ маҳз барои расидани ҷомеа ба ҳамин ҳадафҳо чӣ қадар заҳмат кашида истодаанд.
Агар дар ҳақиқат мароми ин анҷуман рушди демократия ва ҳифзи давлати дунявӣ бошад, пас магар муассисони он намебинанд, ки дар Тоҷикистон маҳз дар ҳамин самт чи қадар талош мекунанд? Оё онҳо хабар надоранд, ки давлат ва зиёиёни тоҷик маҳз барои ҳифзи низоми дунявӣ, барои аз хатари ифротгароии динӣ наҷот додани ҷомеа, барои аз байн бурдани хатари ташкилоти ифротгарои ҲНИТ ба сохти давлатдории дунявӣ чи қадар талошу ҷоннисориҳо кардаанд? Агар шумо ҳимоятгарӣ низоми дунявӣ бошед, чӣ тавр дар канори душманони дунявият сангар гирифтаед? Агар ин даъвоятон рост бошад, пас биёед, дар канори давлати дунявии Тоҷикистон бар зидди душманони дунявият, аз ҷумла ҲНИТ ва дигар нерӯҳои ифротӣ мубориза кунед.
Агар дар ҳақиқат мақсади Шумо ободии Тоҷикистон бошад, пас биёед бо сиёсати ҳукумат ҳамқадам шавед, ки дар солҳои охир тамоми кишварро ба як саҳнаи ободию созандагӣ табдил додааст. Ё шояд Шумо ба мисли хоҷагонатон нороҳатед, ки акнун мардуми Тоҷикистон дар чор фасли сол бо роҳҳои мумфарши сатҳи байналхалкӣ ба тамоми минтақаҳои кишвар рафтуомад мекунанд? Ё Шумо нороҳатед, ки акнун мардуми Тоҷикистон пурра бо барқ таъмин шудаю, ба содироти барқ рӯй меорад? Ё Шумо нороҳатед, ки имсол дар Тоҷикистон нахсустин чархаи НБО «Роғун» ба кор даромада, кишвар ба як қудрати энергетикӣ табдил мешавад? Агар аз ин дастовардҳо нороҳат нестед, пас чаро аз онҳо чизе намегӯед, онҳоро намебинед, аз онҳо истиқбол намекунед?
Ё агар дар ҳақиқат, мақсади шумоён «муаррифии миллат тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ» бошад, пас чаро ба икдомҳои бузурги давлат дар ин самт намепайвандед? Оё Шумо иқдомҳое бузургтар аз ҷаҳонӣ шудани Наврӯз, ба феҳрасти ЮНЕСКО ворид кардани арзишҳо ва ёдгориҳои тамаддуни тоҷикӣ, бо ташаббусҳои глобалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардани миллати тоҷик, аз минбари СММ садо додани нутқи тоҷикӣ ва ғайраро ҳатто тасаввур мекунед?
Хулоса, агар Шумо ватандӯсту озодандешед, марҳамат, сангари ватандорию озодандешӣ ин ҷост, дар канори давлату миллати худ барои бунёди низоми дунявии демократӣ, барои рушди кишвар ва муаррифии фарҳангу тамаддуни бузурги миллати тоҷик саҳм гузоред. Аммо афсус, ки Шумо ин қудрати фикрӣ ва фарҳангиро надоред ва бо ҷаҳлу ҳирси худ қурбонии бозии навбатии сиёсию тиҷории Кабирӣ ва муздури манфиатҳои хоҷагони хориҷии ӯ шудед.
Ҷои таассуф аст, ки ному симои Шумо ҳамчун душманони озодандешӣ, ҳамчун савдогарони ватан ва ҳамчун муздурони бегонагон дар таърихи миллати мо барои ҳамеша сабт хоҳад шуд. Шумо агар заррае аз аҳли фарҳангу сиёсат бошед, пас, пеш аз ҳама маҳз ба ҳамин масъала биандешед.

Абдулло Ғафуров,
корманди Академияи илмҳои ҶТ

ДОНИШҶӮ

МАГИСТРАТУРА

КОРМАНДОН

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Demo contents Хабархои сиёси Чанд ғулом наметавонанд «анҷумани озодандешон» таъсис намоянд