Бахши бойгонӣ

Бойгонӣ ҷузъи таркибӣ ва зерсохтори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус маҳсуб ёфта, фаъолияти он аз давраи таъсисёбии донишгоҳ оғоз гардидааст.

Кормандони бойгонии шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус фаъолияти худро дар асоси сиёсати маорифпарварона ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории соҳаи маориф, фармоишҳои ректори Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, ойинномаи донишгоҳ, низомномаи шуъба, дастурамалҳои вазифавӣ ва нақшаи чорабиниҳои солонаи шуъба амалӣ менамояд.

Дар бойгонӣ вазифаҳои зерин амалӣ карда мешаванд:

  • қабул намудани ҳуҷҷатҳои донишҷӯёни хатмкарда ва хориҷшуда аз деканатҳо;
  • ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳои аз деканатҳо воридшуда;
  • қабул намудани корҳои дипломӣ аз кафедраҳо;
  • қабул намудани фармоишҳо аз шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус;
  • қабул намудани қарорҳо аз котиби Шӯрои олимон;
  • омода кардани ҳуҷҷатҳо барои ворид намудан ба компютер;
  • ба низом даровардани ҳуҷҷатҳои воридгардда;
  • пешниҳод намудани маълумотнома бо дархосту аризаҳои шаҳрвандон ва муассисаву корхонаҳо дар мувофиқа бо раёсати донишгоҳ;
  • пешниҳоди ҳуҷҷатҳо бо дархости ректор, муовинони ректор, деканҳои факултетҳо барои корбарӣ ва назорати онҳо вобаста ба масъалаи сари вақт баргардонидани ҳуҷҷатҳо;
  • назорат ва тафтиши илмӣ-техникии ҳуҷҷатҳои воридшуда;
  • назорат, ба тартибу низом даровардан ва бе осеб нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо.

Дар вазифаи мудири бойгонӣ Умринисо Қузибаева фаъолият менамояд.

  • Фарзона Азимбоева, коргузори бойгонӣ.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top