Print this page

Даъват ба мизи муддавар

Бинанда: 1558 | Санаи нашр: 10 Сентябр 2020

Даъват ба мизи муддавар дар мавзўи:

“Арзёбии сарбории андоз ба субъектҳои соҳибкорӣ”

11-уми сентябри соли 2020, соати 15:00, бинои 1, ауд 413, ДДТТ

Дар мизи муддавар натиҷаҳои таҳқиқот оид ба арзёбии сарбории андоз ба субъектҳои соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегардад. Вазъи кунунии сарбории андоз нисбати субъектҳои хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил мегардад, бо баъзе кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва ИДМ, меъёри умумии андозҳо ва пардохтҳо аз нуқтаи назари ҳисоботи Пешбурди тиҷорат дар мисоли якчанд субъектҳои хоҷагидории соҳаҳои гуногун мавриди таҳлил қарор мегирад ва инчунин, тавсияҳо оид ба беҳтар кардани вазъи сарбори андоз пешниҳод карда мешаванд.

Лектор: Сияршоҳ Раҳматов, омӯзгори калони кафедраи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон.

Мизи муддавар дар чорчубаи лоиҳаи “Дастгирии идораи молияи давлатӣ” гузаронида мешавад ва аз ҷониби Вазорати рушди байналмилалии Бритониёи Кабир (DFID) маблағгузорӣ мешавад.

Забони чорабинӣ:  русӣ-тоҷикӣ