Густариши ҳамкориҳои ДДТТ бо донишгоҳҳои Ӯзбекистон

Бинанда: 1967 | Санаи нашр: 17 Ноябр 2023

Санаи 17 ноябри соли 2023 намояндагони Донишгоҳи давлатии Тиҷорати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Қурбонов Абдукарим Раҳимович ва мудири кафедраи менеҷмент ва иқтисодиёти меҳнат Мирзоалиев Абдурашид Абдунабиевич ба Донишгоҳи байналмилалии кимиёи шаҳри Тошкент барои иштирок дар вохӯрии «Бас Қосу» ба ифтихори ҷаласаи дуюми клуби ректорони Осиёи Марказӣ ташрифт оварданд.

Барои иштирок дар конфронс аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Австралия, Мексика, Перу ва Олмон ҳудуди 80 нафар намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷамъ омада буданд.

Чорабинии мазкур ба ташаббуси донишгоҳи Алма-Менеҷменти Ҷумҳурии Қазоқистон ташкил карда шудааст, ки ҳадафи он мусоидат ба фаъолияти шабакавии илмӣ дар кишварҳои минтақа ба ҳисоб меравад. Дар ин конференсия Қурбонов А.Р. дар Донишгоҳи байналмилалии кимиёи Тошкент дар мавзӯи " Нақши барномаҳои таҳсилоти дар рушди салоҳиятнокии ҳайати илмию педагогии МТОК" маърӯза намуда таъкид намуд, ки яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон густариши робитаҳои байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо донишгоҳу муассисаҳои илмию таълимии кишварҳои хориҷӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ҳошияи сафар, мулоқоти судманд бо ректори Донишгоҳи байналмилалии кимиёи шаҳри Тошкент Жанполат Кудайбергенов ва муассис ва президенти AlmaU Казоқистон Асылбек Кожахметов сӯҳбат ороста, ба муввофиқа расиданд, ки ҳамкориро дар заминаи табодули академӣ, курсҳои такмили ихтисос, ташкили барномаҳои таҳсилотии муштарак, даъвати профессорон ба муассиса, баргузор намудани форуму конференсияҳо, инчунин гузаронидани таҳқиқоқи муштараки ҳайати профессорӣ-омӯзгорони Донишгоҳ ва амсоли инҳо ба роҳ монда шавад.

Ин ҳамоиш барои табодули таҷрибаҳои беҳтарин, эҷоди шабакаҳои муштарак ва ташаккули самти ояндаи таҳсилоти олӣ дар саросари ҷаҳон муҳим арзёби гардид.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top