Эълон

Бинанда: 352 | Санаи нашр: 16 Декабр 2020

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба диққати донишҷӯёни курси якуми донишгоҳ мерасонад, ки аз нимсолаи дуюми соли таҳсили 2020-2021 дар факултети МИБ ва ҳуқуқ , ихтисоси 250103-иқтисодиёти ҷаҳон, гурӯҳи академии таҳсилаш ба забони англисӣ таъсис дода мешавад.

Аз ин лиҳоз, хоҳишмандон метавонанд барои таҳсил намудан дар гурӯҳи академии таҳсилаш ба забони англисӣ ва баланд бардоштани сатҳи забондонии худ то санаи 4-уми январи соли 2021 ба деканати факултети МИБ ва ҳуқуқ - кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ муроҷиат намоянд.

Талаботҳо:

– Дар сатҳи зарурӣ донистани забони англисӣ;

– Ариза ба номи ректори донишгоҳ барои интиқол ба ихтисоси 250103-иқтисодиёти ҷаҳон (ба ариза транскрипти донишҷӯ замима карда мешавад);

Раёсати донишгоҳ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top