Тадбирҳои беҳдоштӣ

Бинанда: 156 | Санаи нашр: 18 Январ 2021

Чанде пеш шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва як гурӯҳи донишҷӯёни ризокори ДДТТ бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дар назди Маркази савдои “Хуросон”-и ноҳияи Фирдавсӣ дар доираи аксияи навбатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Гурӯҳи корӣ ба шаҳрвандон дар бораи риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ, фосилаи иҷтимоӣ дастуру маслиҳатҳои судманд дода, риояи қоидаҳои беҳдоштиро омили муҳимми пешгирӣ аз ин беморӣ маънидод карда, ба шаҳрвандон ниқобҳои тиббию маводи антисептикӣ тақсим намуданд.

Шуъбаи кор бо ҷавонон

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top