БЕРНВАЛД АРНОЛД РОМАНОВИЧ

Ректори аввалини Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, узви Академиям байналмилалии макотиби олӣ, профессор Бернвальд Арнольд Романович зодаи ноҳияи Ейски кишвари Краснодар буда, соли 1956 мактаби миёнаро дар деҳаи Безменовои ноҳияи Юргини вилояти Кемерово хатм намудааст. Баъди хатми мактаби миёна дар мактаби миёнаи деҳааш ба ҳайси лаборанти калони лабараторияҳои физика ва кимиё кор карда, баъд дар Артиши Шӯравӣ адои хизмат намудааст. Баъди бомуваффақият супурдани имтиҳонҳои дохилшавӣ донишҷӯи факултаи савдо ва иқтисоди Донишкадаи савдои советии кооперативии Новосибирск (ҳоло Донишгоҳи кооператсияи матлуботи Сибир) гардид. Интихоби касб ҳаёти минбаъдаашро пурра ба ин донишгоҳ пайваст.

А.Р. Бернвальд соли 1964 донишгоҳро бо баҳои аъло хатм намуда, ба ҳайси корманди хурди илмии лабораторияи илмӣ-тадқиқотӣ доир ба иқтисодиёти ҳамин донишгоҳ кор карда, бо роҳбарии д.и.и. Шнипер Р. дар мавзӯи «Таъмини мол ва ҳаракати мол дар кооператсияи истеъмолии Ёқутистон» соли 1967 якумин аз хатмкунандагони ин донишгоҳ рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд. Ӯ аз соли 1967 то соли 1970 дар вазифаи мудири шӯъбаи пажӯҳишгоҳи савдои кооперативӣ кор карда, аз соли 1970 то соли 1982 вазифаи ҷонишини ректори донишгоҳро доир ба корҳои илмӣ ба уҳда дошт.

Аз моҳи январи соли 1986 ректори донишгоҳ таъйин шуда, дар ривоҷу равнақи базаи моддӣ-техникии ин донишгоҳ, ҷорӣ намудани усулҳои пешқадами таълим, барқарор намудани робитаҳои илмӣ-методӣ бо дигар мактабҳои олии ин соҳа саҳми калон гузоштааст.

Бо номи ин донишманд ташкил ва фаъолияти солҳои аввали Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вобаста аст.

Бернвальд А.Р. ба филиали дар Душанбе буда таваҷҷуҳи хоса дошт ва баҳри бо кадрҳои баландихтисос ва адабиёти таълимӣ таъмин намудан, дуруст ба роҳ мондани ҷараёни таълим ва ба хотири нигоҳ доштани робитаи устувор якчанд нафар устодони таҷрибадорро ба Душанбе фиристод.

Бо ёрии бевоситаи Бернвальд А.Р. барои ташкили як донишкадаи мустақили соҳаи кооператсияи матлубот шароит фароҳам оварда шуд.

Хизматҳои шоёни ин ташкилотчии моҳир ва олими барҷаста дар соҳаи маориф аз ҷониби Ҳукумати Россия бо медали «Собиқадори меҳнат» (1988), унвони фахрии «Корманди хизматнишондодаи Тува» (1997), Корманди Шоистаи таҳсилоти олии Россия, нишони «Барои хизмати шоён дар соҳаи кооператсияи матлубот» сарфароз гардидонда шудааст.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top