ШАРИФЗОДА МУМИН МАШОКИР

Шарифзода Мумин Машокир 16 апрели соли 1965 дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд таваллуд шудааст. Соли 1982 пас аз хатми мактаби миёна то ба давраи даъват шуданаш ба сафи хизмати ҳарбӣ дар совхози Съезди XXV КПСС ноҳияи Ашт фаъолияти меҳнатиро идома медиҳад. Солҳои 1983-1985 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Шȳравӣ хизмат карда, соли 1987 пас аз бо дипломи аъло хатм намудани Техникуми кооперативии шаҳри Ленинобод барои идомаи таҳсил ба Донишкадаи савдои советии кооперативии шаҳри Новосибирск тавсия дода мешавад. Соли 1991 Донишкадаи мазкурро бо ихтисоси молшиносӣ ва ташкили савдои молҳои хȳрокворӣ хатм намуда, фаъолияти худро ба ҳайси омȳзгор-коромȳзи кафедраи идоракунӣ ва маркетинги филиали Донишкадаи савдои кооперативии шаҳри Новосибирск дар шаҳри Душанбе фаъолият мебарад.

Соли 1994 шуъбаи рȳзонаи аспирантураи Академияи тиҷорати Сибири шаҳри Новосибирскро бомуваффақият хатм менамояд. Дар ин давра рисолаи номзадиашро таҳти унвони «Коммерческая деятельность потребительской кооперации на рынке продовольственных товаров» ҳимоя намуда, дар асоси қарори КОА ФР соли 1994 соҳиби дипломи дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ, соли 2002 соҳиби аттестати унвони илмии дотсенти кафедраи маркетинг ва тиҷорат мегардад.

Рисолаи докториашро дар Шȳрои Донишгоҳи савдои  кооперативии шаҳри Новосибирск ҳимоя намуда, соли 2012 дар асоси қарори КОА ФР ва фармони Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия ба гирифтани дипломи дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ ноил мешавад.

Солҳои 1997-1998   дар вазифаи дотсенти кафедраи маркетинги Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, солҳои 1998-2005 мудири кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқи Комплекси ягонаи таълимии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, солҳои 2005-2008 ноиби ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон оид ба Комплекси ягонаи таълимии дар шаҳри Хуҷанд фаъолият менамояд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №566 аз18 ноябри соли 2008 ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таъин гардида, то моҳи марти соли 2017 адои вазифа намуд.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2017, таҳти №129 Шарифзода Мумин Машокир ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсатии Тоҷикистон таъин гардид.

Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор мебошад. Узви Раёсати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Раиси Шȳрои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва доктории Д999.031.03 аз рȳи ихтисоси 08.00.05 иқтисодиёт ва идоракунӣ (иқтисодиёти хадамот, иқтисодиёти меҳнат), академики Академияи байналмилалии кооператсия, узви вобастаи Академияи байналмилалии улуми ташкилии Федератсияи Русия, узви вобастаи академияи илмҳои табиатшиносии Федератсияи Русия маҳсуб мешавад.

Шарифзода М.М.ба ҳайси сарвар дар донишгоҳҳои олии кишвар тамоми давраи фаъолияти хеш таъмини иҷрои дастуру супориш ва ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, махсусан таблиғи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои марбут ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаро дастури фаъолияти хеш қарор дода, давра ба давра бо сохторҳои таркибӣ, кормандон ва донишҷȳён дар робита бо ин масъалаҳо вохȳрӣ, баромаду сȳҳбатҳо ба роҳ мемонад. Дар ин раванд тақвияти иқтидори моддию техникӣ ва кадрӣ тавассути истифодаи таҷҳизоту технологияи муосири таълимию илмӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои нави илмию таълимӣ, ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба фаъолияти илмию омȳзгорӣ ва такмили ихтисоси устодон дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар, таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ, комплексҳои таълимию методӣ аз ҳамаи фанҳои талимӣ бо забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ, таъмини густариши пайдарпайи ихтисосҳо ва факултетҳо, густариши фаъолияти байналмилалӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои  байналмилалии таҳсилот, таъсиси Маркази таҳсилоти фосилавӣ, таъминоти иттилоотӣ ва илмию методӣ корҳои назаррасе буданд, ки ба анҷом расонида, имрȳзҳо низ идома медиҳад.

Профессор Шарифзода Мумин Машокир муаллифи зиёда аз 100 асару мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ буда, дар  рушди соҳаи маорифи кишвар, самаранок намудани раванди таълим ва тайёр кардани кадрҳои дар бозори ватанӣ ва ҷаҳонӣ рақобатпазир саҳми босазо дорад. Барои фаъолияти пурсамар дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, таълифи асарҳои илмӣ ва дастурҳои методӣ,  ба даст овардани нишондиҳандаҳои назаррас бо унвони медали Хизмати Шоиста, Корманди шоистаи кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон  сарфарозонида шудааст.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top