Шуъбаи дуюм

Шуъбаи дуюм дар заминаи шуъбаи махсус ва бақайдгирии шиноснома ташкил карда шуда, бевосита дар тобеияти ректори донишгоҳ мебошад.

Кору фаъолияти кормандони шуъба аз бақайд гирифтани кормандон, донишҷӯён ва омӯзгороне, ки дар хобгоҳи донишгоҳ истиқомат доранд; таҳия намудани рӯйхати кормандону донишҷӯёне, ки мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ мебошанд; бо комиссариати ҳарбӣ пешниҳод кардани рӯйхати донишҷӯёне, ки аз донишгоҳ хориҷ гардидаанд ва ё аз шуъбаи рӯзона ба шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ гузаштаанд, иборат мебошад.

Ҳамчунин, дар шуъба доир ба ҳар як донишҷӯ ҳуҷҷат тартиб дода шуда, дар он ҳар як тағйироти зимни таҳсил дар фаъолияти ӯ рухдода, ки боиси аз даст додани имтиёз мегардад, сабт мешавад.

Маълумот доир ба ҳар як донишҷӯ дар ҳолати зарурӣ ба ниҳодҳои дахлдор пешниҳод мегардад.

Шуъба фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунгузории соҳаи маориф, фармоишҳои ректори Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, ойинномаи донишгоҳ, низомномаи шуъба, дастурамалҳои вазифавӣ ва нақшаи чорабиниҳои солона амалӣ менамояд.

Шуъба дар байни донишҷӯён корҳои тарбиявию ватандӯстӣ баргузор намуда, барои тарбия кардани онҳо дар рӯҳияи баланди ватандорию ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳою муқаддасоти миллӣ саъю кӯшиш менамояд. Чунин амал боиси омодагии донишҷӯён барои хизмат дар Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

Шуъба дар давраи иҷрои чорабиниҳо дар доираи бақайдгирии ҳарбӣ вазифаҳои зеринро ба зимма дорад:

– Санҷиши мавҷудияти ҳуҷҷатҳои ҳарбии кормандони нав ба кор омада, дар қайди ҳарбӣ будан ва ба расмият даровардани қайди ҷойи истиқомати онҳо дар шаҳри Душанбе инчунин, дар шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва Ваҳдат;

– Фавран ба комиссариатҳои ҳарбӣ фиристодани шахсони таъминнабуда бо ҳуҷҷатҳои ҳарбӣ ва ё дар қайди ҳарбӣ набуда, барои гирифтани ҳуҷҷатҳои дахлдор;

– Сари вақт дар варақаи шахсии уҳдадорандагони ҳарбӣ ва даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ, ворид намудани маълумот оид ба тағйир ёфтани вазъи оилавӣ, нишонӣ, нишонии ҷойи зист, маълумот, ихтисос ва вазифа;

– На камтар аз як бор дар як сол муқоиса намудани варақаи шахсии уҳдадорандагони ҳарбӣ бо билети ҳарбии онҳо ва қайд намудани ин нишондод дар тарафи пеши варақаи шахсӣ;

– Мунтазам гузаронидани корҳои тавзеҳотӣ дар байни уҳдадорандагони ҳарбӣ ва даъватшавандагон доир ба хизмати ҳарбӣ ва риоя намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадориҳои умумии ҳарбӣ”;

– Пешниҳоди ҳамасолаи рӯйхати ҷавонони синну соли мувофиқ ба даъвати ҳарбидошта ба комиссариатҳои ҳарбии ноҳиявӣ дар давраҳои муайян;

– Пешниҳоди саривақтии маълумот ба комиссариатҳои ҳарбии ноҳиявии ҷойи истиқомат доир ба даъватшавандагони аз донишгоҳ хориҷшуда, дар рухсатии академибуда, дар курсашон монондашуда, ба шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ интиқолёфта инчунин, маҳрумшудагон аз ҳуқуқи озод будан аз даъвати ҳарбӣ бо дигар сабабҳо, барқарор шудани онҳо ба сафи донишҷӯён ва бозгашти онҳо аз рухсатии академӣ;

– Ҳамасола дар давраи маъракаи даъватии тирамоҳӣ ва баҳории ҷавонон ба даъватшавандагоне, ки бо сабаби идома додани таҳсил аз даъвати ҳарбӣ озод мебошанд, додани маълумотномаи шакли №26.

Аз 1-уми июли соли 2019 вазифаи мудири шуъбаро Мурод Қосимов ба уҳда дорад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top