Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Вебинар

Ба маълумоти омӯзгорони ДДТТ расонида мешавад, ки cанаи 29.04.2020, соати 19.00 вебинар дар мавзӯи “Таҳияи силлабус ва нақши он дар таълиму тарбия дар макотиби олӣ” аз ҷониби д.и.п. Дилноза Хасилова аз донишгоҳи Вайоминги ИМА гузаронида мешавад.

Дар ҷараёни вебинар  масоил доир ба натиҷаи таҳсили донишҷӯёни макотиби олӣ сӯҳбат карда мешавад. Ҳамчунин иштироккунандагон нисбат ба таҳияи силлабус ва муҳимияти он дар зинаи бакалавр ва магистрӣ маълумоти муфассал хоҳанд гирифт.

Хоҳишмандон метавонанд бо тариқи сомонаи дар поён овардашуда ному насаби худро қайд намоянд ва дар вебинари мазкур ширкат варзанд.

Барои маълумоти муфассал: https://zoom.us/meeting/register/tJUsdeqorj4oEtSEluguj8jdxQ5Z2AEK8JuK

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Вы здесь: Асосӣ Эълонҳо Вебинар