Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Эълон

Ба маълумоти омӯзгорони ДДТТ расонида мешавад, ки аз cанаи 27.04.2020 то 1.05.2020 рӯйдодҳои гуногун оид ба таҳсил дар муассисаҳои олии ИМА баргузор мегардад. Ин яке аз беҳтарин имкониятҳо барои маълумот гирифтан нисбати таҳсил дар Амрико ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин ҳар рӯзи сешанбе Муассисаҳои таҳсилоти олии Амрико клубҳои вертуалии худро дар гушаи Амрико дар Тоҷикистон баргузор менамояд. Нафарони хоҳишманд метавонанд аз хона ё ба гушаи Амрикоии дар шаҳри худ буда ташриф баранд. 

  Хоҳишмандон метавонанд бо тариқи сомонаи дар поён овардашуда ному насаби худро қайд намоянд ва дар руйдодҳои гуногун ширкат варзанд.

Барои маълумоти муфассал: https://zoom.us/meeting/register/tJUsdeqorj4oEtSEluguj8jdxQ5Z2AEK8JuK

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Вы здесь: Асосӣ Эълонҳо Эълон