Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Раёсат ва устодону донишҷȳёни донишгоҳ ба Саидзода Навбаҳор дар даври ниҳоии озмуни мазкур комёбию пирȳзмандиро орзу мекунанд.

Стипендия дар соҳаи ҷомеаи шаҳрвандӣ 2017-18

      

 

Мухлати ниҳои барои пешниҳоди дархостҳо: 31 Марти 2017 то соати 16:00

Стипендия барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ (CSSA) таҳсилоти байналмилалиро барои фароҳам овардани имконият ба докторантҳо ва устодони донишгоҳҳо ҷиҳати дастёбӣ ба захираҳое пуштибонӣ менамояд, ки ба пешбурди беҳтари таҳқиқотҳои иҷтимоӣ дар кишварҳояшон ё дар минтақа муоидат мекунад.

Дар Хазинаҳои Ҷомеаи Кушода мо дар роҳандозӣ намудани масоили баҳсомез ва дастгирии роҳҳои ҳали ҷасурона ва навоварона, ки ба сабабҳои калиди нигаронида шуда, тағйироти  низомро боло мебарад,  аҳамияти назаррас медиҳем. Мо ҳамчунин ба ташвиқ намудани мунозираҳои интиқодӣ, эҳтиром намудани ақидаҳои гуногун аҳамият медиҳем. Донишгоҳҳо дар пешбурди ин мақсадҳо нақши муҳим мебозанд ва онҳо қисмати ҳаётан муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд.

Доираҳои илмӣ аз ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси саҳмгузориҳои  барҷастаи  худ барои таҳқиқот ё дигар фаъолиятҳояшон бо ҷомеаи маҳаллӣ, инчунин барои мустаҳкам намудани  бурсҳои муҳим ва шабакаҳои таҳсилӣ дар соҳаҳояшон интихоб мешаванд.

Шахсони қобили қабул:

Стипендияҳо барои доираҳои илмии зерин пешбинӣ шудаанд:

Докторантҳои соҳаҳои мувофиқ, ки дар донишгоҳҳои аккредитатсияшудаи хориҷа ё кишвари худ таҳсил мекунанд;

Устодони донишгоҳҳо, ки ба пуррагӣ кор мекунанд (бояд ҳадди ақал дараҷаи магистр дошта бошанд) ва дар донишгоҳҳои давлати худ дарс медиҳанд;

Стипендия дар соҳаи ҷомеаи шаҳрвандӣ барои як қатор кишварҳо аз он ҷумла Тоҷикистон пешниҳод мешавад.

Довталабоне, ки ҷои истиқомати доимиашон давлатҳои зерин аст ё бо онҳо дорои мақоми душаҳрвандӣ мебошанд, қобили қабул нестанд: Австралия, Канада, Иттиҳоди Аврупо, Зеландияи нав, кишварҳои Скандинавия ва ИМА.

Соҳаҳои фаннӣ:

Ҳар соҳаи фаннӣ аз доираи ҷамъиятшиносӣ ва фанҳои гуманитарӣ ҳақ барои дархост пешниҳод кардан доранд, бахусус аз соҳаҳои: Ҳуқуқ, адлия ва идоракунии давлат; рушди устувор ва идоракунии захираҳои табиӣ; ҳуқуқи иқтисодӣ ва тавонмандсозии камбизоатон; сиҳати омма, корҳои иҷтимоӣ ва рушди ҷомеа; қонун ва сиёсати расонаҳои хабарии ҷадид; таҳсилоти инклюзивӣ (фарогир); таҳқиқотҳои баъд аз низоъ ва ҳуқуқи башар.

Барномаи бар асоси синну сол, нажод, ранг, ҷинс, дин, тамоюлоти ҷинсӣ ё шахсони имконияташ маҳдуд тафриқа намегузорад.

Муҳассилин ё устодоне, ки дар барномаҳои дараҷаи магистрӣ шомиланд қобили қабул нестанд.

ФАЪОЛИЯТҲОИ ДАСТГИРИШАВАНДАИ ГРАНТӢ:

Бурсҳо лоиҳаҳои кӯтоҳмуддат, ва лоиҳаҳои илмии байналмилалиро дастгирӣ мекунанд, ба монанди: кори саҳроӣ (ҷамъоварии маълумот); ташрифҳои таҳқиқотӣ ба китобхонаҳо, бойгониҳо ё донишгоҳҳо; таҳияи курс/барномаҳои таълимӣ ва ҳамкориҳо дар таҳқиқотҳои байналмилалӣ барои баррасии нашрияҳои ҳаммаслакон.

Дархости пуштибонӣ барои таҳсилот ва музди таҳсилот танҳо барои соли аввал дар асоси эҳтиёҷи возеҳан нишондодашудаи докторант, ки ба донишгоҳҳои хориҷа қабул шудаанд, мавриди баррасӣ қарор мегирад.

•   Мӯҳлати лоиҳа: Аз 2 то 9 моҳ

•   Санаҳои: 1 Сентябри 2017 – 31 Августи 2018

•  Ҳаҷми баландтарини маблағи дархостшаванда:

Докторантҳо: $10,000 доллар

Устодони донишгоҳҳо: $15,000 доллар.

Соҳаҳое, ки қоболи қабул нестанд: Мудирияти соҳибкорӣ, Омӯзиши менеҷмент, курсҳои компютерӣ, Молия/Бонкдорӣ, Бозорёбӣ, Муҳандисӣ, Илмҳои дақиқ (физика, биология, Химия ва ғ.), Математика, Тиб, таълими забони англисӣ ҳамчун забони хориҷӣ/таълими забон.

Ба довталабон қатъиян тавсия дода мешавад, ки қабл аз дархостнома додан низоми раводидии (визаи) кишвари қабулкунандаро тафтиш намоянд (аз ҷумла, андозаи ҳади ақали маблағи талабшавандаро).

Озмун барои дарёфти бурсҳои CSSA дар асоси шоистагиҳо сурат мегирад. Интихоб дар асоси пешрафтҳои илмии собитшуда баргузор мешавад, зарурати возеҳ ва асоснокшуда барои сафари байналмилалӣ ҷиҳати анҷом додани лоиҳаи таҳқиқотӣ ва мувофиқати лоиҳа ба рушди ҷомеаи боз дар кишвари довталаб. Бурсгирандагони интихобшударо барномаи CSSA метавонад барои ширкат дар омӯзишҳои кӯтоҳмуддат/мактабҳои тобистона ва дар ҷараёни барномаи грантӣ барои иштирок дар 1 конфронс даъват намояд. Харҷи сафар ва ҷои хоб барои иштирок дар чорабиниҳои мазкур аз ҷониби барномаи CSSA пардохт карда мешавад.

Барои маълумоти муфассал доир ба меъёрҳои қобили қабул лутфан ба санадҳои дастуруламал ва саволҳои зуд-зуд пурсидашаванда назар кунед:

https://www.opensocietyfoundations.org/grants/civil-society-scholar-awards-20170123

Маълумотибештар дар бораибарнома, роҳнамоҳо барои ариза ва дархост, формаи интернетӣ  дар вебсайти зерин дастрас менамоед:

https://scholarshipprograms.submittable.com/submit/46b880a0-6e79-4185-b2be-696f1e9b6946/civilsociety-scholar-awards-2017-2018

Ҳама гуна саволҳоро вобаста ба мавзӯи мазкур метавон ба нишонии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ё ба шахси маъсул дар Маркази машваратии таҳсилотии Институти " Ҷамъияти Кушода" Бунеди Мадад дар Точикистон Гулнора Шукурбекова фиристода шавад: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Суроғаи мо:

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734002, ш. Душанбе

кӯчаи Бохтар-37/1

Маркази тиҷоратӣ ва соҳибкории «Вефа»

Ошёнаи 4, утоқи №403

Тел: (+992 47) 441-07-45/ 49, (+992 37) 227 55 58

Факс: (+992 47) 441-07-29

Маълумоти бештар

Суроға

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ