Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

ДОНИШГОҲИ МО-ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ШУМО!

Табодули донишҷȳён ва устодон дар донишгоҳ

Ҳамкории донишгоҳи Давлатии Тиҷорати Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакатҳои хориҷӣ асосан дар самтҳои зерин амалӣ мегардад:

  • таҳия ва ба тасвиб расонидани шартномаҳо бо муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ ва иҷрои амалии онҳо;
  • мубодилаи устодон, донишҷўён ва адабиёти таълимию методӣ;
  • таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ ва ташкилу гузаронидани конфронсу семинарҳои муштарак;
  • ташкили вохўриҳо бо намояндагони донишгоҳҳои хориҷӣ ва ташкилоту муассисаҳои байналмилалӣ;
  • ташкили курсҳои омўзиши забонҳои хориҷӣ;
  • таъмини раводиди устодон ва донишҷўёни хориҷӣ;
  • кор бо донишҷўёни хориҷӣ;
  • робита бо ҷомеа ва рушди туризм;
  • такмили сайти донишгоҳ.

Табодули донишҷȳён ва устодон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мебошад.

Табодули донишҷȳён ва устодон ба бакалаврҳо, магистрҳо ва аспирантҳо имконият фароҳам меоварад, ки дар хориҷа бо роҳи ширкат варзидан дар барномаҳои кȳтоҳмуддати таҳсилотӣ ва илмӣ – тадқиқотӣ таҳсилро идома диҳанд ё таҷрибаи илмӣ ба даст оваранд.

Ҳадафи рушди барномаҳои табодули донишҷȳён ва устодон дар донишгоҳ баланд бардоштани сифати таълим, беҳтар намудани ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳо ва фарҳангҳои гуногун, тарбияи насли ҷавони омодабуда ба ҳаёт ва кор дар ҷомеаи байналмилалии иттилоотӣ мебошад.

Табодули донишҷȳён ва устодон дар мувофиқа бо созишномаҳо байни ДДТТ ва макотиби олии ҳамкор амалӣ карда мешаванд.

Шуъбаи байналмилалӣ дар доираи барномаҳои табодули донишҷȳён ва устодон вазифаҳои зеринро ҳал менамояд:

  • ҷалби олимони шинохтаи хориҷӣ;
  • тадбиқи барномаҳои табодули донишҷȳён ва устодон (иттилооотонӣ, интихоби номзадҳо, мусоидат дар таҳияи ҳуҷҷатҳо);
  • омода намудани базаи иттилоотӣ оид ба стипендияҳо ва бурсияҳои дастгирии табодули донишҷȳён ва устодон;
  • машварат ба донишҷȳен ва устодони донишгоҳ доир ба масъалаҳои ширкат варзидан дар барномаҳои байналмилалӣ ва гирифтани бурсияҳо.

Эразмус + - барномаи нави иттиҳоди Аврупо дар давраи аз соли 2014 то соли 2020 мебошад, ки ба дастгирии лоиҳаҳо, ҳамкориҳо, табодули донишҷȳён ва устодон дар соҳаи таҳсилот, таълим, варзиш ва сиёсати ҷавонон нигаронида шудааст.

Ахбороти мухтасар оид ба барнома ба забони англисӣ дар сомона дастрас аст:

Табодули донишҷȳён ва устодон дар доираи созишномаҳои дутарафа

Аз соли 2012 зиёда аз 100 донишҷȳ ва устоди донишгоҳи мо дар барномаи табодул дар доираи Созишномаҳои дутарафаи имзошуда бо мактабҳои олии ҳамкор муваффақона ширкат варзиданд. Ба ин шумора макотиби олии зеринро ворид кардан мумкин аст.

  • Донишгоҳи Кемянг, Кореяи Ҷанубӣ (28 – нафар донишҷȳ, аз рȳи барномаи бакалавр солҳои 2012 - 2016);
  • Донишгоҳи иқтисодии Қарағандаи иттифоқи матлуботи Қазоқистон, Ҷумҳурии Қазоқистон (2 нафар донишҷȳ, семестри баҳории соли 2015 - 2016), аз рȳи барномаи бакалавриат;
  • Донишгоҳи менеҷменти Алмаато, Қазоқистон (4 – нафар донишҷȳ, семестри баҳории соли таҳсили 2015 – 2016, аз рȳи барномаи бакалавриат);
  • Донишгоҳи савдою иқтисоди кооператсияи матлуботи Белорус, шаҳри Гомел (1 – нафар донишҷȳ, семестри тирамоҳии соли таҳсили 2015 – 2016, аз рȳи барномаи бакалавриат);
  • Донишгоҳи савдою иқтисоди кооператсияи матлуботи Белорус, шаҳри Гомел (35 устод, аз рȳи барномаи магистратура, солҳои 2009 - 2016);
  • Донишгоҳи давлатии Суми, Украина (1 – нафар устод, барномаи магистратура, солҳои 2009 -2016);
  • Донишгоҳи иқтисод ва савдои Полтава, Украина (1 – нафар устод, барномаи магистратура, солҳои 2011 - 2013);
  • Донишгоҳи кооператсияи матлуботи Сибир, шаҳри Новосибирск (5 – нафар устод аз рȳи барномаи магистратура, солҳои 2012 - 2016)

 

 

Суроға

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ