Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҳамаи хоҳишмандонро ба "Рӯзи дарҳои кушода", ки санаи 04 марти соли 2020 баргузор мегардад, даъват менамояд.

Асосӣ Ифтихори мо

Ифтихори мо

Садорати факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ бо омӯзгорон ва олимони мувафақи соҳаи худ ба монанди Фақеров Ҳамидуллохон, Акрамов Файзалӣ, Шаропов Фарҳод, Салимов Назаралӣ, Исоматов Бобокалон, Дӯстбоев Шодимурод, Раззоқов Баҳодур, Иброҳимов Солиҳҷон, Муҳатбердиев Ҳақназаров, Хоҷаев Ғулом ва дигарон, ки дар рушду нумӯи илмҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқ, дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисос барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, омоданамои кадрҳои варзидаи илмӣ-омӯзгорӣ ва пешрафти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, бахусус, факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ хеле назаррас мебошад, ифтихор менамояд.

Имрӯз шогирдони Шумо ба ҳайси роҳбарону мутахассисони соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ сарбаландона кору фаъолият доранд ва китобҳои дарсиву асарҳои илмии Шумо дастури рӯимизии онҳост.

Раёсати донишгоҳ ва садорати факултети МИБ ва ҳуқуқ бо чунин олимони хеш ифтихор менамоянд ва боварии комил доранд, ки Шумо боз солҳои дароз таҷриба, малака ва хиради роҳбариатонро барои нашри асарҳои нави илмӣ-таълимӣ, тайёр намудани олимону омӯзгори ҷавон ва ба ин васила барои рушди иқтисодиёти кишвари маҳбубамон – Тоҷикистони азиз сарф хоҳед кард.

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Ифтихори мо