Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҳамаи хоҳишмандонро ба "Рӯзи дарҳои кушода", ки санаи 04 марти соли 2020 баргузор мегардад, даъват менамояд.

Асосӣ Навидҳои факултет

Навидҳои факултет

Дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ бахшида ба «Соли рашди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» намоиш-озмуни маҳсулоти ҳунармандӣ ва таомҳои миллӣ аз ҷониби донишҷӯдухтарони факултет ташкил карда шуд.

Дар чорабинии мазкур дастранҷи донишҷӯдухтарони факултет ба намоиш гузошта шуда буд.

Мақсади асосии баргузории чорабинӣ эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ, дарёфти пазандагон ва ҳунармандони мардумӣ буда, дар ҷараёни он тарғибу ташвиқ ва тарбияи насли наврас бо мақсади эҳтиром ва арҷгузорӣ ба урфу одат ва ҳунарҳои миллии ниёгон мебошад.

Дар ҷараёни чорабинӣ дастранҷи ҳунармандони мардумӣ ва таомҳои омоданамудаи донишҷӯдухтарон аз ҷониби раёсати донишгоҳ қадрдонӣ карда шуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Бахшида ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар факултет конфронси илмӣ дар мавзӯи «Сарфаю сариштакорӣ мароми мо ҷавонон» дар байни донишҷӯёни факултет баргузор гардид, ки дар он мутахассисони соҳа ва омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъол баромад намудаанд.

Инчунин, дар озмуни «Забон донӣ - ҷаҳон донӣ» донишҷӯёни факултет фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд. Аз ҷумла, Сафарова Меҳрангез, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 250103-иқтисодиёти ҷаҳон дар байни МТОК дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи 3-юм гардид ва ӯ аз ҷониби КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе мудати 6 моҳ идрорпулӣ мегирад. Инчунин, Ҳакими Манижа ва Назарзода Мадина барои иштироки фаъолона аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо сипоснома ва ифтихорнома қадрдонӣ гардидаанд.

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Навидҳои факултет