Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

ДОНИШГОҲИ МО-ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ШУМО!

Факултети Умури бонкӣ

 Декан:  н.и.и., дотсент

Қурбонов Абдукарим Раҳимович

телефон:  (372) 234-83-48   e-mail: 

Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
______________________________________________________________________________________________________

Маълумоти таърихӣ

 Факултети "Умури бонкӣ" дар моҳи сентябри соли 2008 ташкил карда шуд.
Факултети «Умури бонкӣ» - яке аз сохторҳои навтаъсис дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин факултет дар базаи факултети иқтисодиёт ва менеҷмент, ки соли 1987 таъсис ёфта буд, ташкил карда шудааст.                
Дар таърихи 1 сентябри соли 2008 баъди ворид намудани тағйиротҳо ба сохтори донишгоҳ аз таркиби факултети иқтисодиёт ва менеҷмент, факултети умури бонкӣ ҷудо карда шуда, барои тайёр намудани мутахассисон аз рўи се ихтисос «Молия ва қарз»,  «Фаъолияти бонкӣ» ва «Системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт» махсус гардонида шуд.

 Ташкил намудани чунин факултет тақозои замон аст, чунки дар ибтидои асри ХХ1 талаботи ташкилотҳои ҷамъияти матлубот ва мамлакат ба кадрҳои баландихтисоси соҳаи  умури бонкӣ, менеҷменти молиявӣ, созмондиҳӣ ва ҷорӣ намудани технологияи иттилоотӣ ниёз доранд. Аз ин лиҳоз дар сохтори донишгоҳ факултете ташкил карда шуд, ки се ихтисосро муттаҳид намуда, ҳамчун самти асосии фаъолияташ ҳаллу фасли масоилҳои молия ва фаъолияти бонкӣ, беҳдошти мукаммалгардонии идораи соҳаҳои хоҷагии халқ қабул намудааст.
Дар сохтори факултет кафедраҳои молия ва қарз, фаъолияти бонкӣ ва системаҳои иттилоотї дар иқтисодиёт фаъолият менамоянд.

Факултет мутахассисонро дар асоси низоми кредитии таҳсилот тайёр менамояд. Дар факултет инчунин низоми рейтингии баҳодиҳии сатҳ ва дараҷаи дониши донишҷўён тарҳрезӣ  шуда, ҷорӣ карда шудааст, ки ҳамаи самтҳои фаъолияти онҳо ва иштирокашон дар раванди таълиму тарбия ба назар гирифта шудааст. Ҷорӣ намудани ин низом барои беҳдошти тартибу интизом, баланд шудани сифати донишандўзии донишҷўён имконият дод. 
Факултет дорои базаи мукаммали моддию техникии замонавӣ мебошад, ки он барои аз бар намудани донишҳои назариявӣ ва омўзиши услулҳои ташкили фаъолияти молиявӣ ва бонкӣ бо истифодаи технологияи муосири компютерӣ, инчунин пешбурди кори системавию аналитикӣ ва моделсозии равандҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар сатҳҳои мухталифи идоракунӣ имконият медиҳад. 
Зиёда аз 50 донишҷўён бо баҳои аъло ва хуб  таҳсил менамоянд. 
Баъди ба итмом расидани мўҳлати таълим хатмкунандагон метавонанд корҳои илмии худро дар аспирантураи донишгоҳ идома диҳанд. Аз рўи натиҷаҳои кори комиссияи аттестатсияи давлатӣ хатмкунандагони беҳтарин  барои дохил шудан ба аспирантура сафарбар карда мешаванд. Ҳоло дар аспирантураи рўзона ва ғоибонаи донишгоҳ, аз рўи ихтисосҳо ба факултет вобасташуда, зиёда аз 20 нафар таҳсил менамоянд. 
Пешбурди корҳои тарбиявӣ яке аз самтҳои афзалиятноки раёсати факултет ба ҳисоб меравад. Ба ҳар як гурўҳи таълимӣ аз тарафи устодони ботаҷриба сарпарастон таъин карда шудаанд. 
Барои беҳдошти кори сохторҳои факултет донишҷўёни болаёқат ҷалб карда шудаанд, ки онҳо дар ҳаллу фасли масъалаҳои тарбиявию таълимӣ иштироки фаъолона доранд. Дар факултет Шўрои рўшд ва эътимоди донишҷўён, волидайн, сардорони гурўҳҳои таълимӣ ташкил карда шудаанд, ки онҳо ба кори деканат ва кафедраҳо кӯмаки амалӣ мерасонанд. 
Кори тарбиявӣ инчунин берун аз донишгоҳ, хусусан дар хобгоҳи донишҷўён  низ хуб ба роҳ монда шудааст. Ҳамарўза аъзоёни Шўрои рушд ва эътимоди донишҷӯён ҳолати санитарии хобгоҳ ва утоқҳои зистро зери назорат грифтаанд.

 Баъди гирифтани диплом ҳамаи хатмкунандагон дар зери назорати деканат қарор дошта, бо онҳо алоқаи зич барқарор карда шудааст. Ҳоло хатмкунандагони факултет дар сохторҳои Иттифоқи Тоҷикмалубот, донишгоҳҳо, бонкҳо, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, корхонаҳои савдо ва дигарҳо бомуваффақият кор ва фаъолият менамоянд. Қисми зиёди онҳо имрӯз роҳбарони ташкилотҳои бонуфузи ватанӣ ва хориҷӣ гардидаанд.

Суроға

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ