Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ! Раёсати донишгоҳ ҳар яки Шуморо ба муносибати фарорасии моҳи шарифи рамазон, растагориву иҷобати дуо, хайру саховат ва муҳаббату шавқат аст, аз самими қалб табрику муборакбод менамоянд.

Асосӣ Факултаҳо Иқтисодиёт ва менеҷмент

Факултети иқтисодиёт ва менеҷмент

Факултети иқтисодиёт ва менеҷмент ҳамчун бахши поягӣ ва муҳими донишгоҳ соли 1987 таъсис ёфта, то ин муддат дар тайёр кардани мутахассисони самти иқтисоду менеҷмент, сайёҳиву баҳисобгирии бухгалтерӣ ва системаҳои иттилотӣ дар иқтисодиёт саҳми назаррас гузоштааст.

Ҷараёни таълимро дар факултет панҷ кафедра таъмин менамоянд, ки дар онҳо беш аз 120 нафар омȳзгорон ба фаъолияти илмӣ-омȳзгорӣ фаро гирифта шудаанд, ки ба қатори онҳо олимони шинохтаи илми иқтисод, омȳзгорони ҷавон-хатмкардагони донишгоҳ ва роҳбарону мутахассисони субъектҳои тиҷоратӣ шомиланд. Сол то сол сафи омȳзгорони унвони илмидор дар факултет меафзояд, ки бевосита ба баланд гардидани сифати таълим таъсири мусбати хешро мерасонад.

Факултет дар бинои асосии донишгоҳ ҷойгир шудааст ва дорои бунёди моддӣ-техникии муосир буда, синфхонаҳо бо таҷҳизоти замонавии таълим муҷаҳҳазанд. Бо ташаббуси раёсати донишгоҳ дар оғози соли таҳсили 2015-2016 дар назди факултет Маркази тестӣ таъсис дода шуд ва алҳол донишҷȳёни факултет ҳамаи имтиҳонҳои худро бевосита дар ин марказ месупоранд.

Донишҷȳёни факултет дар тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти донишгоҳ иштироки фаъол доранд, ғолибони озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ мебошанд, дар корҳои ҷамъиятӣ, маърифатию фарҳангӣ ва варзишӣ низ ҳамеша масъулияти баланд нишон медиҳанд.

Дар ҳар як кафедраҳои тобеи факултет маҳфилҳои илмӣ-тадқиқотӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо донишҷȳён ва муҳаққиқони ҷавон тадқиқотҳои хешро баррасӣ менамоянд.

Хатмкардагони факултети иқтисодиёт ва менеҷмент дар корхонаву ташкилотҳои ватаниву хориҷӣ, муассисаҳои илмӣ ва мақомоти идоракунии давлатӣ дар вазифаҳои масъулиятнок бомуваффақият фаъолият менамоянд.

Дар факултети иқтисодиёт ва менеҷмент аз рȳи ихтисосҳои зерин мутахассисон омода карда мешаванд:

25.01.07 - Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхона
25.01.07.18 - Иқтисодиёт ва идора дар корхонаи хоҷагиҳои меҳмонхона ва тарабхона
25.01.08  - Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит
25.01.08.01 - Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо
25.01.12 - Информатикаи иқтисодӣ
26.02.01.01 - Бизнес маъмуриятчигӣ дар соҳаи истеҳсолот ва хизмат
26.02.02 - Менеҷмент
40.01.02 - Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисод)
89.01.01 - Саёҳат ва меҳмондорӣ

ДОНИШҶӮ

МАГИСТРАТУРА

КОРМАНДОН

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Факултаҳо Иқтисодиёт ва менеҷмент