Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Раёсат ва устодону донишҷȳёни донишгоҳ ба Саидзода Навбаҳор дар даври ниҳоии озмуни мазкур комёбию пирȳзмандиро орзу мекунанд.

Шӯъбаи ғоибона

мудири шӯъбаи ғоибона:  н.и.и., дотсент
Ҳикматов С.И.

_____________________________________________________________________________________________________

 Шуъбаи омӯзиши ғоибонаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  соли 1994 тибқи қарори Шӯрои илмии  донишгоҳ таъсис ёфтааст. Тибқи ҷадвали мансабҳо дар шӯъба 9  нафар корманд фаъолият менамоянд.

1) Ҳикматов С.И.- н.и.и., дотсент, мудири шӯъбаи ғоибона

2) Табаров А.- н.и.х., дотсент, ҷонишини мудири шӯъбаи ғоибона-эдвайзер;

3) Хомидова М. – методист;

4) Косимов М. – методист;

5) Сафарова З. – методист;

6) Мирзохоҷаева Р. – оператори МЭҲ;

7)  Сатторова М. - танзимгар;

8)  Шомуддинов Х. – коргузор;

9) Саидов Н.- офис бақайдгиранда

Шӯъба мутахассисонро аз рӯи тамоми ихтисосҳое, ки  дар факултетҳои шакли рӯзонаи таҳсилоти донишгоҳ мавҷуд аст, бидуни ихтисоси 071900-«Системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт» тайёр мекунад. Дар шӯъбаи ғоибона, инчунин, аз рӯи барномаи махсуси 3 сола мутахассисон барои гирифтани маълумоти олии дуюм ва дараҷаи академии магистр тайёр карда мешаванд.

Шуъбаи омӯзиши ғоибонаи ДДТТ тайёр намудани мутахассисонро дар асоси литсензияи рақами АУ № 0000399  аз 29.06.2007 ва Шаҳодатнома оиди аккредитатсияи давлатӣ рақами ИА № 000041 аз 13.05.2008 Вазорати маорифи ҷумхурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ ба роҳ мондааст.

Базаи моддӣ-техникии шӯъба дар тӯли фаъолияташ сол то сол мустаҳкам мегардад. Шуъба дар ошьёнаи чоруми бинои асосии донишгоҳ ҷойгир буда, аз 12 синфхона, синфхонаи методӣ ва 2 синфхонаи компютрӣ иборат аст ва онҳо бо маводҳо ва асбобҳои таълимӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Дар шӯъба зиёда аз 580 ҷои нишаст мавҷуд аст. Холо дар шӯъбаи ғоибона заминаи кофии моддию техникии таълим фароҳам оварда шудааст ва дар аудиторияҳои он таҳсили донишҷӯён дар сатҳи замонавӣ ба роҳ монда шудааст.

 Дар шӯъбаи омӯзиши ғоибона аз рӯи 12 ихтисос ва зерихтисосҳои барои кишварамон басо зарурӣ, ба монанди иқтисоди ҷаҳон, молия ва қарз, фаъолияти бонкӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит, иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо, маркетинг, менеҷмент, тиҷорат, молшиносӣ ва экспертизаи молҳо, фаъолияти гумрук, технологияи маҳсулоти хӯроки омма ва ҳуқуқи тиҷорат мутахассисон тайёр карда мешаванд. Аз соли хониши 2009-2010 низоми кредитии таҳсилот курс ба курс дар шуъба ҷорӣ карда шуд ва ҳоло донишҷӯёни курсҳои якум-панҷум бо ин низом таҳсил менамоянд. Теъдоди донишҷӯёни шуъбаи омӯзиши ғоибона имрӯз 3640 нафарро ташкил медиҳад ва аз онҳо 856 нафарашон духтарон мебошанд. Таҳсил дар шуъба бо ду забон тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст. Имрӯзҳо бо супориши раёсати донишгоҳ шуъба барои таҳсилоти фосилавӣ ҳамаҷониба омодагӣ дида истодааст.

Сарварии шуъбаи омӯзиши ғоибонаро профессор Фақеров Ҳ.Н. солҳои 1994-1998 ба ӯҳда дошт.

Аз соли 1998 то моҳи октябри соли 2012 сарварии шуъбаи омӯзиши ғоибонаро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳамитов М.С. ба зима дошт. Аз моҳи октябри соли 2012 сарварии шӯъбаро номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳикматов С.И. ба ӯҳда дорад.

ДОНИШҶӮ

МАГИСТРАТУРА

КОРМАНДОН

Суроға

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ