Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

ДОНИШГОҲИ МО-ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ШУМО!

Тиҷорат ва гумрук

Декан:  н.и.ф., дотсент
Салимов Назарали Сафарович.
телефон:  (372) 234-83-48   e-mail:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

______________________________________________________________________________________________________

 Ихтисосҳои факултети мо – интихоби ояндаи дурахшони шумо!

Факултет соли 1987 дар базаи филиали донишкадаи ш.Новосибирск ташкил ёфта ҳамчун факултети «Иқтисодиёт ва баҳисобгирӣ» шинохта шуд. Сипас соли 1990-1995 ҳамчун факултети «Молшиносӣ ва тиҷорат», баъдан  соли 1995-1997 факултети «Тиҷорат ва технология» ва дар айни ҳол чун факултети «Тиҷорат ва гумрук» фаъолият менамояд.

Тӯли солҳои мавҷудияташ ба ин факултет н.и.и., дотсент Салий В.В. (1987-1988), н.и.и., дотсент Абдулназаров Н, (1988-1992), Ҳусейнов К.Б. (1992-1997), профессор Раҷабов Р. К. (1997-1999), профессор Маҷидов Ҳ.М. (2000 -2008) роҳбарӣ кардаанд ва аз соли 2008 инҷониб вазифаи декани факултет ба ӯҳдаи номзади илмҳои физика ва математика, дотсент Салимов Назарали Сафарович гузошта шудааст.

Факултет мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои зерин  тайёр  мекунад:

25015100– «Тиҷорат»  бо зерихтисоси «Тиҷорат дар бозори байналхалқии амвол ва хадамот»;

26020300– «Маректинг» бо зерихтисоси «Маркетинг дар бозори байналхалқии амвол ва хадамот»;

25010900 – «Молшиносӣ ва экспертизаи молҳо»;

96010100 - «Фаъолияти гумрукӣ»;

49013100-«Технологияи маҳсулоти хӯроки омма».

Ба факултет кафедрахои зерин вобаста карда шудаанд:

Кафедраи«Маркетинг ва тиҷорат»;

Кафедраи «Экспертизаи  молҳо ва фаъолияти гумрукӣ;

Кафедраи «Фалсафа ва сиёсатшиносӣ»;

Кафедраи «Математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ»

Дар кафедраҳои факултети «Тиҷорат ва гумрук» 68-нафар устодон расман кор ва фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 6-нафар олимони шинохта, докторони илм, профессорон, арбобони илм ва техника, академикҳо, 26-нафар дотсентон, 24- нафар муаллимони калон ва 12 –нафар ассисентон мебошанд, ки бо талаботи замон баҳри донишандӯзии донишҷӯён бо мақсади тайёр намудани мутахассисони варзида щароит  фароҳам овардаанд.

Бояд қайд намуд, ки ҳайати устодони болаёқат ва пуртаҷриба, ки барои тайёр намудани мутахассисони баландпоя метавонанд ба хубӣ аз иҷрои вазифаҳои ба дӯшашон гузошташуда бароянд, хеле зиёданд. Устодони серталабу пуртаҷрибаи мо ба мисли профессорон Шарипов М. М. Раҷабов Р. К., Маҷидов Х.М., Шоихтиёров Х., Тошбоев Ғ,, Хидирова М., дотсентон Салимов Н. С., Юсупов С Ю., Хуморов Д.М., Хикматов С.И., Ҳомидов М. С., Норқузиева Б., Шарипов М., Таваров Л.Т. Авғонов С., Ҷаборов А., Одинабеков Ҷ, Пудинаев А., Ҳусейнов Б., Урунова С. Немонов Ҷ., Пирназаров А., Шарипов Н. ва дигарон аз қабили онҳо мебошанд.

Суроға

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ