Татбиқи лоиҳаи "Механизми ҳавасмандгардонии духтарон ҷиҳати гирифтани маълумоти олӣ"

Печать

Дар асоси дастуру супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, такмили тахассус ва ба вазифаҳои роҳбарӣ пешниҳод кардани онҳо чораҳои мушаххас таҳия ва татбиқ гардида истодааст.

Дар заминаи ин, аз моҳи марти соли 2019 гурӯҳи корӣ аз ҳисоби омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони “Механизми ҳавасмандгардонии духтарон ҷиҳати гирифтани маълумоти олӣ” барои дастгирии занон, омӯхтани проблемаи духтарону бонувон дар масъалаи ба таҳсил фаро гирифтани онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсили ин гурӯҳи ҷомеа дар мактаби олӣ, зиндагии оилавии бонувон бо мушкилоту душвории он ва дигар масоили мубрами марбути ин соҳа ба фаъолияти густарда оғоз намуд.

 

 

Дар ин марҳала аъзои гурӯҳи корӣ як қатор корҳову тадқиқотро оид ба вазъи донишҷӯдухтарони факултетҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва хатмкунандагони ҷинси зани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ,омада намудани саволнома доир ба масоили ҳаёт, таҳсил, оила ва фароғати духтарон – хонандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳлилу баррасии афкору ақидаи онҳо доир намуд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа