Кафедраи экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрукӣ як бахши рушдёбандаи таҳсилот ва таҳқиқотии факултети тиҷорат ва гумруки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Кафедраи экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрукӣ дар тамоми соҳаҳои таҳсилоти олӣ корҳои таълимию-методӣ, илмӣ ва тарбиявӣ фаъолона ширкат менамояд: барномаҳои бакалавриро дар соҳаҳои фаъолияти гумрукӣ бо ду забон (тоҷикӣ, русӣ), барои магистратураи академӣ дар Хадамоти гумрук ва аспирантону докторҳо тайёр мекунад.

Фаъолияти кафедра дар соҳаи тайёр намудани магистрҳо мувофиқи талаботҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври муташаккилона ва пурмаҳсул сохта шудааст. Барномаҳои магистрӣ пурра ба системаи қарзҳои академӣ интиқол дода шудаанд ва барои 2 соли таҳсил пешбинӣ шудаанд (4 семестр).

Рисолати кафедра дар соҳаи таҳсилоти магистрӣ тарбияи мутахассисони баландихтисоси дорои сатҳи зарурии салоҳияти касбӣ дар соҳаи тиҷорати байналмилалӣ, муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ ва дигар соҳаҳои дахлдор, ки барои фаъолияти бомуваффақияти иқтисоддонҳо дар иқтисоди ҷаҳони муосир заруранд.

Хатмкунандагони мо роҳбар ва кормандони шуъбаҳои сатҳҳои гуногуни сохторҳои давлатӣ ва тиҷоратии марбут ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, таҳлилгарон ва коршиносони соҳаҳои бозорҳои байналмилалии молиявӣ, фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва танзими муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ, муҳаққиқон ва устодони баландихтисос дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ мебошанд.

Мавриди қайд аст, ки як қатор хатмкардагони ихтисоси фаъолияти гумрукӣ баъди хатми донишгоҳ дар вазифаҳои гуногун иҷрои вазифа намуда истодаанд, масалан раҷабов Раҷаб Кучакович – муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, Ҳикматов С.И. дотсент, Ҷаборов А.И. дотсент– мудири шуъбаи банақшагирӣ ва раванди назорати таълим, Самиев Ф.Б.дотсент – мудири шуъбаи бақайдгирӣ ва машваратӣ, Алиев М.Б. – полковники хадамоти гумрук н.и.и., муаллими калон, Латипов К.А. – директори Техно-парки ДДТТ, Турсунов Х. М. – капитани хадамоти гумрук, инспектори калони шуъбаи назорати гумрукии РМГ ш.Душанбе, Камолов Валихон – капитани хадамоти гумрук, инспектори калон дар РМГ ш.Турсунзода дар донишгоҳ фаъолияти омўзгорӣ намуда истодаанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top