Интихоби ҷавонон

Бинанда: 1318 | Санаи нашр: 12 Октябр 2020

12-уми октябри соли 2020 дар толори асосии донишгоҳ омӯзгорон ва донишҷӯён ҳисоботи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба натиҷаи интихоботи Президенти кишвар ба воситаи ойинаи нилгун тамошо намуда, аз пирӯзии Пешвои миллат дар ин маъракаи сиёсӣ бо шиорҳои “Мо ҷавонон бо Шумоем, Пешвои миллат”, “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат” ва “Мо бо номзади худ содиқем” гарму ҷӯшон истиқбол ва изҳори шодмонӣ карданд.

Боиси сарфарозист, ки донишҷӯёни донишгоҳ дар баробари дигар ҷавонони кишвар дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок карда, саҳми шоистаи худро дар интихоби номзади арзанда - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоштанд.

Шуъбаи кор бо ҷавонон ва занон

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top