Мизи мудаввар

Бинанда: 1093 | Санаи нашр: 30 Сентябр 2020

30-юми сентябри соли 2020 дар донишгоҳ бо саъю кӯшиши мудири шубаи рушди стратегӣ ва низоми менеҷменти сифат, н.и.и. Ҷамшед Машокиров мизи мудаввар дар доираи лоиҳаи “Дастгирии идораи молияи давлатӣ” дар мавзӯи Баланд бардоштани сифати хизматҳои буҷетӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ” баргузор гардид, ки дар он омӯзгорон ва магистрантон иштирок намуданд.

Ҷамшед Машокиров дар доираи мавзӯи баёншуда доир ба баланд бардоштани сифати хизматрасонии буҷетӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ, равобит ва қонунияти ташаккули раванд, ки ба мақсади инкишофу навсозӣ, такмилу баланд бардоштани самаранокии сифати хизматрасонии буҷетӣ дар шароити гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шакли экстенсивӣ (мунбасит) ба шакли интенсивӣ (ташдид) нигаронида шудааст, ибрози андеша намуд.

Дар поёни мизи мудаввар омӯзгорон ва мутахассисони бахшҳои гуногуни воҳидҳои сохтории донишгоҳ ба саволҳои худ посух гирифтанд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top