Лоиҳаи хурди креативӣ

Бинанда: 1311 | Санаи нашр: 15 Октябр 2020

Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон иқдом гирифтааст, ки лоиҳаи хурди “Ҳамкорӣ бо хатмкардагони лоиҳаҳои Эразмус+”-ро дар донишгоҳ татбиқ намояд. Мақсад аз татбиқи лоиҳа ҷалби хатмкардагони муваффақи барномаҳои табодули лоиҳаҳои Эразмус Мундус ва Эразмус+ барои табодули таҷриба, дониш ва малака, аз ҷумла, дар мавриди омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ ва дарки равандҳои мубрами иқтисодии замони ҳозира бо омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ мебошад.

15-уми октябри соли 2020 раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ вохӯрии нахустини онлайниро бо иштирокдорони лоиҳаҳои Эразмус аз минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ба муносибати Ҳафтаи барномаи Эразмус+ “ErsamusDays2020” баргузор намуд. Хатмкардагон доир ба таҳсили худ дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷи кишвар ва ояндаи худ дар самти фаъолияти корӣ низ суханронӣ карданд. Донишҷӯён ва омӯзгороне, ки дар давоми солҳои гуногун дар доираи лоиҳаҳои гуногуни Эразмус иштирок намуда буданд, ба роҳбарияти ДДТТ барои ташкили чунин имконот изҳори сипос карданд.

Раёсат иқдом гирифтааст, ки дар оянда мизҳои мудаввар, семинар ва лексияҳои кушодро барои омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ бо иштироки хатмкардагони барномаҳои табодули Эразмус+ ташкил намояд.

Маълумоти иловагӣ: ДДТТ барои тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ бо барномаҳои Эразмус+ дар давоми солҳои зиёд ҳамкорӣ намудааст. Дар доираи лоиҳаҳои табодули академӣ Эразмус+ бо донишгоҳҳои Пиза, Неаполи ба номи Фридрихи II Ҷумҳурии Италия, Гранада, Сантяго де Компостелаи Испания, Люблянаи Словения, менеҷменти Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон, Псков ва Петразаводски Федератсияи Россия ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ мондааст

Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top