Савганди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бинанда: 1499 | Санаи нашр: 30 Октябр 2020

30-юми октябри соли равон омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ чун дигар мардуми шарифи Тоҷикистон маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ бо риояи фосилаи иҷтимоӣ бо мароқи том тамошо карданд.

Пешвои муаззами миллат зимни суханронӣ аз эҳтироми бузург ва эътиқоду самимияти беандозаи мардуми кишвар нисбат ба Сарвари давлату ҳукумат, бахусус, ҷонибдории онҳо дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, савганд ёд карданд, ки минбаъд низ тамоми ҳастиашонро баҳри зиндагии осоиштаи мардуми кишвар, пойдории сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва боз ҳам баланд гардонидани обрӯю эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебахшанд.

Аҳли толор баъди нутқи барномавии Пешвои муаззами миллат бо ҷонибдорӣ аз сиёсати оқилонаю хирадмандонаи Сарвари давлат меҳру муҳаббат ва садоқати бепоёни хешро бо баёни шиорҳои ватандӯстона ва парчамафшонӣ баён намуданд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top