Парчам – рамзи давлатдории миллӣ

Бинанда: 1378 | Санаи нашр: 24 Ноябр 2020

Бо саъю кӯшиши садорати факултети молия ва фаъолияти бонкӣ, кафедраи молия ва қарз дар толори диссертатсионии донишгоҳ бо иштироки донишҷӯёну омӯзгорон таҳти унвони «Парчам - рамзи давлатдорӣ» ҷамъомад  баргузор гардид, ки дар он нотиқон доир ба эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва рисолати таърихии Парчами давлатӣ маърӯза ва аз эҷодиёти шоирон шеърҳо қироат намуданд.

Ҳамоишро профессор Раҷаб Раҷабов оғоз намуда, дар бораи аҳаммияти бузурги Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан кард.

Сипас профессори кафедраи молия ва қарз Абдусаттор Ҷабборов дар мавзӯи «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи давлатдории миллӣ», ассистенти кафедра Фарида Алимардонова дар мавзӯи «Парчами Тоҷикистон парафшон аст» ва донишҷӯи курси сеюми ихтисоси молия ва қарз Ардамеҳр Мутиҳов дар мавзӯи «Парчами давлатӣ - ифтихори миллат» суханронӣ карданд.

Дар фарҷоми ҷамъомад декани факултет, дотсент Фотеҳ Аминов ва мудири кафедра, номзади илми иқтисодӣ Баҳодур Дӯстматов ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии кишвар табрик намуданд.

Факултети молия ва фаъолияти бонкӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top