Сафари хизматӣ

Бинанда: 850 | Санаи нашр: 25 Май 2023

Дар доираи лоиҳаи Эразмус+ КА107 дар донишгоҳи Казпотребсоюзи шаҳри Қарағанда  ва Донишгоҳи техникии Қазоқистони Шарқӣ ба номи Д. Серикбаеви Ҷумҳурии Қазоқистон аз санаи 10-ум то 17-уми майи соли ҷорӣ намояндагони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  дар ҳайати муовини ректор оид ба тарбия Ҳисориева Гулнора Тоировна ва профессори кафедраи кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ Толибов Қобил Қосимович оид ба барномаи магистрӣ «MIETC - Таҳияи барномаи магистрӣ дар соҳаи менеҷменти соҳибкории саноатӣ барои кишварҳои иқтисодашон гузаранда» иштирок намуданд.

Дар рафти сафари хизматӣ аз 10-ум то 12-уми майи соли 2023 дар Донишгоҳи Казпотребсоюзи шаҳри Қарағанда ва аз 13-ум то 16-уми майи соли 2023 дар Донишгоҳи техникии Қазоқистони Шарқӣ ба номи Д. Серикбаеви шаҳри Уст-Каменогорски дар доираи барнома мазкур бо иштироки намояндагони донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Сатторов А. ва Қаландаров И., корманди лоиҳа дар IDEGA-и Донишгоҳи Сантяго де Компостела Мария Долорес  ва ҳамоҳангсози лоиҳа Йоланда Пена Бокете мизи мудаввар ташкил намуда, дар он оид ба натиҷаҳои татбиқи барномаи магистрӣ дар донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  муаррифӣ карда шуд.

Ҳамчунин, бо муовини ректор оид ба масъалаҳои таълим ва рушди стратегии Донишгоҳи Қарағандаи Казпотребсоюз, Накипова Гулмира Ермековна ва ректори Донишгоҳи техникии Қазоқистони Шарқӣ ба номи Д. Серикбаев,  Рахметуллина Сауле Жадыгеровна вохӯрӣ намуда, доир ба ҳамкориҳо ҷиҳати табодули академии омӯзгорон, донишҷӯён ва ташкил намудани курсҳои маҷозӣ ҷиҳати баланд бардошти сифати таҳсилот сӯҳбат карда шуд.

Муовини ректор оид ба тарбия, Ҳисориева Г.Т.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top