Иқтисод ва ташкили соҳибкорӣ

Ҳамчун кафедраи тахассусӣ ва поягӣ, кафедра фаъолияти таълимӣ-методӣ ва илмиро ҳанӯз аз аввали таъсисёбии донишгоҳ оѓоз карда то имрӯз пурсамар идома медиҳад.

Дар тӯли солҳои мавҷудияташ кафедра бо номҳои гуногун «Фанҳои иқтисодӣ ва ҳисобдорӣ» (1987-1991), «Иқтисодиёти бозаргонӣ ва соҳибкорӣ (1992-1993)», «Иқтисодиёти савдо ва хӯроки омма (1994-1995)» ва аз соли 1995 то ҳол «Иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ» фаъолият намудааст ва дар заминаи ин кафедра дар донишгоҳ якчанд кафедраҳои нав, ба монанди «Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит», «Молия ва қарз», «Иқтисодиёти ҷаҳон» ва «Менеҷмент» таъсис дода шуданд.

Аз соли 1987 то соли 1991 мудирии кафедраро олими соҳибкасб ва омӯзгори шинохта, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Сангинов Назрулло ба ӯҳда дошт. Ӯро соли 1991ба вазифаи муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ва иқтисодӣ пешбарӣ намуданд. Таҳти роҳбарии ӯ як қатор устодони таҷрибадор ба кори омӯзгорӣ барои пеш бурдани ҷараёни таълиму тарбия ҷалб карда шуданд. Хусусан, он солҳо коллективи меҳнатии аҳлу тифоқи кафедра ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардида, ташкили ҷараёни муназзами таълиму тарбияро аз рӯи фанҳои тахассусии самти «Иқтисодиёт» ба роҳ монданд. Кафедра барои дар сатҳи зарурӣ тайёр кардан ва ҷобаҷогузории мутахассисони ихтисосҳои 0608 - «Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳои савдо ва хӯроки омма», 0605 – «Ҳисобдории бухгалтерӣ ва аудит» масъулияти баланд ва саҳми бевосита дошт.

Соли 1991 Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои педагогӣ ва итҷтимоии Русия, доктори илмҳои иқтисод, профессор Ҳабибов С.Ҳ. ҳамчун ҳамкор ва соли 1993 тариқи озмун ба вазифаи мудири кафедра таъин гардиданд.

Бояд қайд кард, ки аз соли 2002 профессор Ҳабибов С.Ҳ. ҳамзамон вазифаи муовини ректор оид ба робитаҳои байналхалқиро ба ӯҳда доранд. Аз соли 2007 то 2013 ба вазифаи мудири кафеда олими ҷавон, барандаи Ҷоизаи давлатии Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Шаропов Ф.Р. таъин гардид ва боиси ифтихор аст, ки ӯ худ хамткардаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мебошад.

Аз соли 2013 то ҳоло вазифаи мудири кафедраро н.и.и. дотсент Исматуллоев И.У. ба уҳда дорад.
Ҳайати устодони кафедра бо мақсади таъмин намудани ҷараёни таълим бо маводи зарурӣ ва баланд бардоштани сифати он дар панҷ соли охир як қатор монографияҳо, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва методиро ба чоп расонидаанд.

Саҳми олимони кафедра дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогии ҷавон низ хеле назаррас аст. Алҳол панҷ нафар олимони кафедра узви Шӯрои диссертатсионии назди донишгоҳ мебошанд. Аксари олимони кафедра роҳбарии аспирантонро ба ӯҳда доранд. Дар назди кафеда маҳфили илмии донишҷӯён бо номи «Иқтисодшинос» амал мекунад, ки нақши он дар ҷалб намудани донишҷӯён ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ хеле назаррас аст.

Бояд қайд кард, ки шумораи зиёди хатмкардагони кафедраи мазкур дар вазифаҳои масъули давлатӣ, ба ҳайси роҳбарону менеҷерон ва мутахассисони сохторҳои гуногуни тиҷоратӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт сарбаландона фаъолият доранд ва бо кафедра робитаи қавӣ доранд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top