Кафедраи «Фаъолияти бонкӣ»

Кафедраи фаъолияти бонкӣ дар асоси Қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 28 – уми августи соли 2008 таъсис дода шудааст. Кафедра тӯли солҳои фаъолияташ мутахассисони зиёдро дар соҳаи бонкдории кишвар омода намудааст.

Аз 10 - уми майи соли 2022 номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳалимов Лоиқ Мирзовалиевич ба ҳайси мудири кафедра фаъолият менамояд.

Мутахассисони ихтисоси 25.01.04.02 - кори бонкӣ метавонанд дар идора кардани фаъолияти бонкҳои тиҷоратию давлатӣ ва ташкилотҳои маблағгузории хурд, инчунин, фаъолсозии раванди муомилоти пулӣ ва қарз, бозоромӯзии бозори бонкии кишвар ва солимгардонии соҳаи бонкдории муосир иштирокчии фаъол бошанд.

Дар шароити муосир соҳаи бонкӣ ва мутахассиси ихтисоси кори бонкӣ барои муайянсозии мавқеи бонкҳо дар иқтисоди миллӣ ва хизматрасонии шоиста дар раванди гардиши пулию қарзӣ, хизматрасониҳои ғайринақдӣ ва кор бо барномаҳои байналмиллалии соҳаи бонкӣ ҳамчун саҳмгузорон ва донандагони муомилаи сатҳи олӣ мебошанд.

Рисолат (миссия) - и кафедраи фаъолияти бонкӣ омода намудани мутахассисони варзидаи касбии бомаҳорат дар соҳаи бонкдорӣ мебошад.

Дар кафедра ҳайати мутахассисони сатҳи олии касбӣ, профессорон, дотсентон, номзадҳои илмҳои иқтисодӣ ва дорандагони сертификатҳои байналмилалӣ дар соҳаи бонкдорӣ фаъолияти самараноки илмию таълимӣ карда истодаанд. Онҳо бо барномаҳои бонкии замонавӣ ба донишҷӯён дарс мегузаранд.

ФАНҲОИ БАЗАВИИ ТАХАССУСИ КОРИ БОНКӢ:

- Фаъолияти бонкӣ;

- Низоми бонкӣ;

- Менеҷменти бонкӣ;

- Нархгузории бонкӣ

- Ташкили фаъолияти бонҳои тиҷоратӣ;

- Ташкили фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон;

- Идоракунии хавфҳои фаъолияти бонкҳо;

- Муносибатҳои арзию қарзии байналмилалӣ;

- Таҳлили молиявии фаъолияти бонкҳо;

- Муомилоти пулӣ ва қарз;

- Танзим ва назорати асъор;

- Фаъолияти бонкдории исломӣ;

-Фаъолияти бонкҳои байналмилалӣ;

- Пул, қарз, бонк;

- Инноватсия дар бонкҳо;

- Амалиётгузаронии бонкӣ;

- Фаъолияти амонатгузории бонкҳо;

- Идоракунии қарздињии бонкї.

ПОЙГОҲИ МОДДИЮ ТЕХНИКИИ КАФЕДРА

Имрӯз кафедра бо технологияҳои нави замонавӣ таъмин карда шудааст. Дар назди кафедра бонки таълимӣ муҷаҳҳаз бо барномаи бонкии Ls Bank (ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ) пайваст карда шудааст, ки ба тариқи ин барнома донишҷӯён аз раванди ҳисоббаробаркунии байнибонкии ғайринақдӣ бархурдор мешаванд.

Кабинети методии кафедра низ бо барномаи бонкии AUMBank пайваст карда шудааст, ки донишҷӯён ба тариқи ин барнома тамоми амалиёти бонкиро мегузаронанд ва ҳатто бо ҳисоботҳое, ки имрӯз бонкҳо ба Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор месупоранд, ба пуррагӣ шинос шуда, худи донишҷӯ амалиёти бонкиро мегузаронад.

Ҳамкорӣ бо корфармоён

Кафедра ҳамкориҳои худро бо бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии молиявии зерини Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд: Бонки миллии Тоҷикистон, БДА ҶТ “Амонатбонк”, ҶСК “Ориёнбонк”, ҶСК “Бонки Эсхата”, ҶСП “Спитамен Бонк”, ҶСК «Тавҳидбонк», ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон», ҶСК «Коммерсбонки Тоҷикистон», ҶСК «Алиф Бонк», ҶСП ТАҚХ “Имон Интернешнл”, ҶСП ТАҚХ “Ҳумо”, ҶСП ТАҚХ “Ҳамров”, ҶДММ ТАҚХ “Арғун” ва дигар ташкилотҳои қарзии молиявӣ.

Ҳангоми ташаккули барномаи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ (пеш аз дифои рисолаи хатм), мавзӯъҳои корҳои курсӣ, рисолаҳои хатм, талаботҳои бахшҳои бонкӣ ва ҳақиқиии иқтисодӣ ба инобат гирифта мешаванд.

Аз рӯи натиҷаи таҷрибаомӯзӣ роҳбарони он ба кафедра дар масъалаи ба кор таъмин намудани донишҷӯёни таҷрибаомӯзи қобилияти коридошта дархост равон менамоянд.

Баъди анҷоми барномаи чорсола ба хатмкунандагон дипломи намунаи давлатии бакалавр аз рӯи ихтисоси 25.01.04.02-кори бонкӣ дода мешавад. 

ҲАЙАТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКӢ:

1.Ҳалимов Лоиқ Мирзовалиевич, мудири кафедра, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент;

2.Исупова Басгул Файзуллохоновна, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент;

3.Муртазоев Ораз Қарахонович, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент;

4.Бобоев Ҷурахон Исломович, муаллими калон;

5.Ниёзов Шамс Хайриддинович, муаллими калон;

6.Одинаев Ҳусайн Саидраҳмонович, муаллими калон;

7.Солеҳова Майсара Давлатовна, ассистент;

8.Ҳакимова Манижа Абдувосеевна, ассистент.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top