Tajik State University of Commerce

Our University-is the path to your bright Future!

РАЁСАТИ ДДТТ КУЛЛИ ОМӮЗГОРОНУ КОРМАНДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲРО БА МУНОСИБАТИ ФАРО РАСИДАНИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ САМИМОНА ТАБРИКУ ШОДБОШ МЕГӮЯД.

Асосӣ Кафедраи Молия ва қарз

Кафедраи Молия ва қарз

  Кафедраи «Молия ва қарз» соли таҳсили 1993-1994 дар заминаи кафедраи «Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва молия» таъсис ёфт.  Дар тӯли солҳои фаъолияташ кафедра бо номҳои гуногун- «Менеҷменти молиявӣ» (1994-1995), «Молия ва омор» (1995-1996), «Молия ва гумрук» (1996-1997) ва аз соли 1997 то ҳол «Молия ва қарз» фаъолият дорад.

   Устодони кафедра ба кори таълиму тарбияи донишҷӯён диққати ҷиддӣ дода шаклҳои пешқадами таълимро барои аз худ намудани дарсҳои назариявию амалӣ истифода мебаранд.

         Тахассуси  0604 «Молия ва қарз» бо зерихтисоси «Фаъолияти бонкӣ» ва «Бозори қоғазҳои қиматнок»  дар кафедра мутахассисон тайёр карда мешаванд.

         Кафедраи «Молия ва қарз» бо номгӯи чунин ташкилоту корхонаҳо, донишгоҳо ва донишкадаҳо алоқа дорад:

 -    Тоҷикматлубот;

 -    Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон;

 -    Кумитаи андози назди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 -    Бонки Миллии Тоҷикистон;

 -    Амонатбонк;

 -    Тоҷиксодиротбонк;

 -    Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат;

 -    Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 -    Донишгоҳи техникии Тоҷикистон;

    Кафедраро дар солҳои гуногун н.и.и., дотсент Туробов М.Ш. (1934 - 1995), н.и.и., дотсент Маъдиев С. А. (1995- 1996), н.и.и., дотсент Раҷабов Р. К. (1996 -1997) сарвари намуданд. Аз соли 1997 то ба имрӯз кафедраро н.и.и., дотсент  Акобиров Ҳ.Н. роҳбарӣ  мекунанд.

Кафедраи «Молия ва қарз» фаъолияти илмӣ-тадқиқотии худро аз рӯи мавзӯи «Масоилҳои молиякунонии кооператсияи  матлубот дар шароити иқтисодиёти бозоргонӣ» оғоз намуда дар чорчубаи ин мавзӯъ устодони кафедра  корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебаранд.

 Мавзуи илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ «Рушди кооператсияи  матлубот дар шароити иқтисодиёти интенсификатсионӣ» барои солҳои 2011-2015 мебошад.

 Номгӯи фанҳои кафедраи «Молия ва қарз»

  1. Молия
  2. Молияи корхонаҳо
  3. Молия, гардиши пул ва қарз
  4. Бозори қоғазҳои қимматнок
  5. Суғурта
  6. Маблағгузорӣ
  7. Маблағгузории хурд
  8. Низоми буҷавӣ
  9. Фаъолияти биржавӣ
  10. Муносибатҳои асъори молиявӣ ва қарзи байналхалқи
  11. Молияи савдо ва хуроки омма
  12. Баҳодиҳии маблағгузории инвеститсиони
  13. Пул, қарз, бонк
  14. Молияи ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ.

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Кафедраи Молия ва қарз