Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Асосӣ Кафедраи назарияи иктисод

Кафедраи назарияи иктисод

Кафедраи назарияи иқтисод дар асоси қарори Шӯрои олимони Донишкадаи тиҷоратию кооперативии Тоҷикистон таҳти рақами 9 аз 16.08.1994 таъсис дода шудааст.
Сарварии кафедраро дотсентон Абдуллоева М., Исмоилова Ш. (то1994), профессор Эргашев А (1994-1996) ба уҳда доштанд.

Профессор Исоматов Бобокалон Аз декабри соли 1996 то сентябри соли 2008 вазифаи мудирии кафедраро ба зимма доштанд.
Аз соли 2008 то 2017 сарварии кафедраро н.и.и., дотсент Юнусова Маҳбуба Маҳмуродовна ба уҳда доштанд.

Дар ин давраҳо заминаи моддӣ- техникии кафедра аз ҳисоби китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ, методӣ ва илмӣ, асосан бо забони тоҷикӣ, аз он ҷумла аз ҳисоби асарҳои профессор Исоматов Б. И. тақвият ёфт.

Дар кафедра аз рӯи ҳамаи фанҳои таълимӣ маводи зарурии таълимӣ, методӣ ва илмӣ барои донишҷӯён ва мутахассисони самтҳои иқтисодӣ мавҷуд аст.
Абдураҳмонов Умархон Мӯсоевич  н.и.и., и. в. дотсент  Сарварии кафедраро аз моҳи августи соли 2017 то инҷониб н.и.и., и. в. дотсент Абдураҳмонов Умархон Мӯсоевич ба уҳда дорад.

Дар кафедра муҳокимаи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ гузаронида мешавад. Кафедраи назарияи иқтисод ҳамчун кафедраи пешбаранда дар тайёр намудани номзадҳои илм ва кормандони илмӣ аз рӯи самтҳои иқтисодӣ саҳми босазое гузошта истодааст.

Дар кафедра 17 нафар омӯзгор ба фаъолияти таълимӣ, методӣ, илмӣ, тарбиявӣ машѓуланд, ки 14 нафари онҳоро омӯзгорони доимии кафедра ташкил медиҳанд. Ҳайати омӯзгорони кафедраро 1 нафар н.и.и., профессор , 3 нафар н.и.и., дотсент, 3 нафар н.и.и. муаллими калон, 5 нафар омӯзгори калон 2 нафар асссистентон ва 3 нафар омӯзгорони ҳамкори дохилӣ, (2 нафар омӯзгори калон ва 1 нафар ассистент) дар бар мегирад.

Омӯзгорони кафедра фанҳои назарияи иқтисод, микроиқтисод, макроиқтисод, таърихи афкори иқтисод, таърихи тиҷорат, таърихи иқтисод ва назарияи кооператсияро ба донишҷӯён меомӯзонанд.

Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён бо номи “назарияи иқтисдӣ” амал мекунад.

Аъзои фаъоли маҳфили кафедра солҳои охир дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ аз фанни “Назарияи иқтисод” ҷойҳои ифтихориро паи ҳам соҳиб гардида истодаанд. Ҳамин сол узви фаъоли ин маҳфил, донишҷӯи курси дуюми ихтисоси 1- 250103- и факултети МИБ ва ҳуқуқ Дӯстов таҳти роҳбарии муаллими калони кафедра Резмонов С.А. дар озмуни ҷумҳуриявии “Ҷоми Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз фанни назарияи иқтисод сазовори ҷои дуюм гардид.

Кафедра бо дигар кафедраҳои назарияи иқтисоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҶТ ва берун аз он робитаҳои зичи илмӣ, методӣ, тадқиқотӣ ва касбӣ дорад. Аз ҷумла, аъзоёни кафедра доир ба мубодилаи устодон ва ширкат дар симпозиуму конфронсҳои илмӣ – байналмилалӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Руссия, Лаҳистон, Италия ва Кореяи Ҷанубӣ ҳамкориҳои назаррасро амалӣ карда истодааст.

Ҳоло омӯзгорони кафедра маводҳои таълимии навро бо баъзе таѓйирот дар нақшаҳои таълимӣ омодаи нашр карда истодаанд. Минбаъд доир ба ҳар як қисми ҷудогонаи фанни назарияи иқтисод барои донишҷӯён китобҳои алоҳидаро таҳия намуда, ба онҳо пешниҳод менамоем.

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Асосӣ Кафедраи назарияи иктисод