Китобхонаи илмӣ

Китобхонаи илмии донишгоҳ  ҳамчун муассисаи иттилоотӣ, фарҳангӣ, омӯзишӣ ва хазинаи бузурги маънавӣ 31-уми декабри соли 2020 дар заминаи китобхонаи донишгоҳ таъсис ёфтааст.

Кормандони китобхонаи илмӣ фаъолияти худро дар асоси сиёсати фарҳангпароваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунгузории соҳаи маориф, фармоишҳои ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ойинномаи донишгоҳ, супоришҳои раёсати илм ва инноватсия, низомномаи шуъба, дастурамалҳои вазифавӣ ва нақшаи чорабиниҳои солонаи шуъба амалӣ менамоянд.

Нахустин китобҳо ба китобхонаи илмӣ аз шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург ва Новосибирск оварда шудаанд.

Шумораи хазинаи  китобхонаи илмӣ аз маводи зерин иборат аст:

-китобҳои илмӣ -23766 адад;

-китобҳои дарсӣ – 53869 адад;

-китобҳои бадеӣ - 4103 адад

Фонди умумии китобхонаи илмӣ зиёда аз 80 ҳазор адад китобро ташкил медиҳад.

Китобхонаи илмӣ зиёда аз 5 ҳазор нафар хонанда дорад. Дар ин ҷо ду толори хониш барои омӯзгорону донишҷӯён, ду толори китобхонаи электронӣ, утоқи абонемент ва махзани китоб мавҷуд аст.

Дар толори хониши электронӣ беш аз 19 ҳазор китоби таълимӣ –илмӣ ба се забон вуҷуд дорад.

Китобхонаи электронӣ усули нави ба хонандагон пешниҳод намудани китоб ва маълумот дар компютер мебошад. Маводи иттилоотӣ дар шакли электронӣ таҳия ва мазмуну мундариҷаи китоб дар диск сабт карда шуда, аз тариқи компютер хонда мешавад. Дар ин ҷо диски  таълимӣ ва диски фанҳои гуманитарӣ мавҷуд буда, барои истифодаи донишҷӯён ва омӯзгорон  мувофиқ аст ва дар он барои хонандагон ҳамаи маълумоти зарурӣ гирд оварда шудааст.

Дар китобхонаи электронӣ 360 диски таълимӣ аз фанҳои гуногун ба забонҳои русию англисӣ  ва фанҳои тахассусӣ мавҷуд аст.

Мақсад ва вазифаи асосии кормандони китобхонаи илмӣ чунин аст:

-қонеъ гардонидани талаботи иттилоотии бисёрсоҳавии хонандагон;

-муайяннамоӣ, таҳқиқот ва татбиқи технологияи ҳозиразамон дар фаъолияти корӣ;

-нигоҳдории мавқеи пешсафӣ дар байни дигар китобхонаҳои илмии макотиби олии кишвар;

-мусоидат  намудан ба маълумотнокии иттилоотӣ дар соҳаи китобдорӣ ва рушди самтҳои илмӣ – таҳқиқотии донишгоҳ дар шароити имрӯза;

-нигоҳдории дороии фонди китобхона ва меросии илмии донишгоҳ;

Дар китобхона ҳар сол ба бештар аз 25 номгӯи рӯзнома ва маҷаллаи ҷумҳурӣ обуна мешаванд.

Дар китобхонаи илмӣ шумораи зиёди китобҳои илмию таълимӣ ва бадеӣ ба забонҳои гуногун мавҷуд аст:

-ба забони тоҷикӣ:  33 ҳазору 307 адад;

-ба забони русӣ:  32 ҳазору 679 адад;

-ба забони ӯзбекӣ ва забонҳои дигар:  54 адад;

-ба забони арабӣ:  330 адад;

- ба забони англисӣ:  15 ҳазору  368 адад

Аз 16-уми декабри соли 2001 то моҳи июли соли 2021 Гавҳар Мадиева дар китобхонаи илмии донишгоҳ ба ҳайси мудир фаъолият намудааст.

Аз 5-уми июли соли 2021 Парвизи Садриддин ба ҳайси мудири китобхонаи илмии донишгоҳ фаъолият манамояд.

Дар китобхонаи илмӣ  кормандони зерин ба ҳайати илмӣ-омӯзгорӣ ва хонандагон хидмат мерасонанд:

-Боғиев Насим, китобшинос;

-Малика Сатторова, китобдори калон;

-Фотима Назарова, китобдор;

-Мавҷуда Мирзохоҷаева, сармутахассиси китобхонаи электронӣ;

-Замира Раҳмонова, китобдор.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top