Кафедраи Молия ва қарз як бахши таҳқиқот ва таҳқиқотии факултети Молия ва фаъолияти бонкии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мебошад.

Кафедраи молия ва қарз дар тамоми соҳаҳои таҳсилоти олӣ корҳои таълимӣ, илмӣ, таълимию методӣ амалӣ менамояд: барномаҳои бакалавриро дар соҳаҳои молия ва қарз бо се забон (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ) ва ихтисоси мазкур бо забони тоҷикӣ, дар зинаи магистратура аспирантону докторҳо тайёр мекунад.

Фаъолияти кафедра дар соҳаи тайёр намудани магистрҳо мувофиқи талаботҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври муташаккилона ва пурмаҳсул сохта шудааст. Барномаҳои магистрӣ пурра ба системаи қарзҳои академӣ интиқол дода шудаанд ва барои 2 соли таҳсил пешбинӣ шудаанд (4 семестр).

Рисолати кафедра дар соҳаи таҳсилоти магистрӣ тарбияи мутахассисони баландихтисоси дорои сатҳи зарурии салоҳияти касбӣ дар соҳаи молия ва қарз, муосибатњои молиявӣ ва дигар соҳаҳои дахлдор, ки барои фаъолияти бомуваффақияти иқтисоддонҳо дар иқтисодиёти миллї муосир заруранд.

Хатмкунандагони мо роҳбар ва кормандони шӯъбаҳои сатҳҳои гуногуни сохторҳои давлатӣ ва тиҷоратии марбут ба фаъолияти молиявӣ-қарзӣ, таҳлилгарон ва коршиносони соҳаҳои бозорҳои молиявӣ, муҳаққиқон ва устодони баландихтисос дар соҳаи иқтисодиёт мебошанд.

Мавриди қайд аст, ки як қатор хатмкардагони ихтисоси иқтисодиёти љањон баъди хатми донишгоҳ дар вазифањои гуногун иљрои вазифа намуда истодаанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top