Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ! Раёсати донишгоҳ ҳар яки Шуморо ба муносибати фарорасии моҳи шарифи рамазон, растагориву иҷобати дуо, хайру саховат ва муҳаббату шавқат аст, аз самими қалб табрику муборакбод менамоянд.

Асосӣ News and Events Бахшида ба Соли ҷавонон ва ҷашни Наврȳзи байналмилалӣ

Бахшида ба Соли ҷавонон ва ҷашни Наврȳзи байналмилалӣ

Тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар муассисаҳои фарҳангии шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз 17-ум то 24-уми марти соли ҷорӣ дар Сирки давлатии Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон ва таҷлили Наврȳзи байналмилалӣ як қатор чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ҷиҳати болидахотирии сокинони шаҳри Душанбе  баргузор намуд.

Қабл аз баргузории чорабиниҳо ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович ҳозиринро бо омад - омади зеботарин фасли сол- Баҳори нозанин ва Наврȳзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфта қайд намуданд, ки ҷашни Наврȳзи байналмилалӣ ва анънаҳои неки он тавассути ҷаҳду талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё шуда, ҷашни аҷдодиамон-Наврȳзи оламафрȳз  мақоми ҷаҳониро соҳиб гардид.

 Сипас, барномаҳои омоданамудаи дастаи ҳунарии «Тоҷири аҷам»-и донишгоҳ, ки аз суруду таронаҳои дар васфи Ватан, Модар, Наврȳз, Баҳор, ҷавонӣ бахшидашуда ва рақсҳои ҷазобу дилчасп иборат буданд, манзури ҳозирин гардонида шуда, хотири сокинони пойтахтро болида намуда, ба ин васила дар афзудани шодию хурсандии идонаи сокинони Душанбешаҳр саҳм гузоштанд.

 

Дар ҷамъбасти чорабиниҳо, яъне санаи 23-юми март озмунҳои барои волидайн ва кȳдакони то синни мактабӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ҷавонони то синни даъвати ҳарбӣ ва ҷавондухтарони соҳибистеъдод доир гардид, ки  ба ғолибони озмунҳо аз ҷониби Раёсати донишгоҳ сару либоси мактабӣ, маводҳои хониш ва туҳфаҳои хотиравӣ бо рамзи донишгоҳ супорида шуданд.

А. Ҳомидов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ News and Events Бахшида ба Соли ҷавонон ва ҷашни Наврȳзи байналмилалӣ