Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Раёсат ва устодону донишҷȳёни донишгоҳ ба Саидзода Навбаҳор дар даври ниҳоии озмуни мазкур комёбию пирȳзмандиро орзу мекунанд.

Озмуни «Хонандаи беҳтарини китобҳои Пешвои миллат»

Роҳхат ба даври ниҳоӣ

Санаи 30-юми ноябри соли ҷорӣ дар ДДТТ даври дуюм (ноҳиявӣ)-и озмуни шаҳрии «Хонандаи беҳтарини китобҳои Пешвои миллат» дар байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки ташаббускори озмун Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маҳсуб ёфта, мақсади он ҷалби бештари ҷавонон ба омȳзиши осори Пешвои миллат бо мақсади ташаккули тафаккури сиёсиву ҷаҳонбинӣ, баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқӣ, ҳисси ватанпараситву ватандȳстӣ, худшиносии милливу худогоҳӣ, инчунин пешгирии ҷавонон аз тақлиди фарҳанги бегона мебошад.

Дар озмун 38 - нафар ғолибони даври якум, ки донишгоҳу донишкада ва коллеҷу литсейҳои ноҳияи Фирдавсиро намояндагӣ мекарданд, иштирок доштанд.

Мавриди зикр аст, ки ҳакамони озмун, ки аз мутахассисони варзида иборат буданд, тибқи шартҳои озмун ба баромади ҳар як иштирокчӣ холисона баҳо дода, ғолибони ҷойҳои ифтихориро ба таври зайл муайян намуданд:

Ҷойи якум – Шарифзода Зебогули Ҳокимҷон, донишҷȳи курси 2-юми ихтисоси 240103 – и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон;

ҷойи дуюм – Хоҷаев Сафаралӣ Аҳтамович, донишҷȳи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон;

ҷойи сеюм – Тȳраева Шаҳло Исроиловна, донишҷȳи курси сеюми ихтисоси 230101 - и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Ваҳҳобзода Гулрухсор донишҷȳи курси якуми ихтисоси 230101 – и ҳамин донишгоҳ.

Ҳакамони озмун ба ҳамаи ғолибони даври дуюм, ки ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд, барору комёбиҳо таманно намуданд.

Р. Масъуд, шуъбаи робита бо ҷомеа 

Суроға

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ