Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Раёсат ва устодону донишҷȳёни донишгоҳ ба Саидзода Навбаҳор дар даври ниҳоии озмуни мазкур комёбию пирȳзмандиро орзу мекунанд.

Озмуни «Донишҷȳи сол – 2017»

Бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонон санаи 4-уми декабри соли 2017 дар толори конфронсҳои донишгоҳ озмуни «Донишҷуи сол – 2017» ба шарафи Соли ҷавонон гузаронида шуд, ки дар он донишҷȳёни фаъоли ҳамаи факултетҳо иштирок карданд. Зимни баҳогузории иштирокчиёни озмун ба донишу ҷаҳонбинӣ, маърифату маънавиёт ва фаъолияти онҳо дар корҳои ҷамъиятию сиёсӣ таваҷҷуҳи вижа зоҳир карда шуд ва вобаста ба ин, донишҷȳи курси 2-юми ихтисоси 250103 «В» - и факултети муносибатҳои иқтисодии байналмиллалӣ ва ҳуқуқ Саидзода Навбаҳор сазовори ҷойи якум гардид.

Даври дуюми озмуни «Донишҷȳи сол-2017» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад ва дар ин даври ниҳоӣ Саидзода Навбаҳор ба ҳайси пирȳзманди даври якум аз номи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вориди сабқати зеҳнию маърифатӣ мегардад.

Раёсат ва устодону донишҷȳёни донишгоҳ ба Саидзода Навбаҳор дар даври ниҳоии озмуни мазкур комёбию пирȳзмандиро орзу мекунанд.

шуъбаи робита бо ҷомеа,  шуъбаи кор бо ҷавонон

Суроға

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ