Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Асосӣ Demo contents Habar Шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат

Таҳсилоти фосилавӣ

Sample image

Таҳсилоти замонавӣ дар инҷо бунёд мегардад.

Муфаcсал

Робитаҳои байналмилалӣ


Самтҳои асосии фаъолияти шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ

Муфаcсал

Литсей

Sample image

Литсей дар назди донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон.

Муфаcсал

Китобхона

Sample image

Китобхонаи донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон .

Муфаcсал

Донишгоҳи мо - ояндаи дурахшони Шумо

Хабарҳо

Семинари илмӣ Семинари илмӣ 15 – уми январи соли 2019 дар факултети тиҷорат ва гумрук бо саъю кӯшиши муовини декан оид ба илм ва инноватсия, ...
Семинари омӯзишӣ Семинари омӯзишӣ 10 – уми январи соли 2019 дар донишгоҳ семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Кори мустақилона дар раванди таълим” бо иш...
Ҷамъбасти соли сипаришуда Ҷамъбасти соли сипаришуда Дар ҷамъомади тантанавие, ки санаи 9 – уми январи соли 2019 дар толори асосии донишгоҳ баргузор гардид, муовини ...
Барномаи Барномаи "Алфа - экспресс" Аз 7 – уми январ то 16 – уми январи соли 2019 дар донишгоҳ семинари омӯзишӣ барои омӯзгорон дар мавзӯи “Омӯзиши...
Маросими  сертификатсупорӣ Маросими сертификатсупорӣ 3 – юми январи соли 2019 дар толори диссертатсионии донишгоҳ маросими супоридани сертификатҳо ба 22 – нафар  ом...
Омӯзгор аз нигоҳи донишҷӯ	Омӯзгор аз нигоҳи донишҷӯ 29 – уми декабри соли 2018 дар толори конфронсҳои донишгоҳ маросими супоридани мукофот дар асоси натиҷаи пурси...
Паёми созанда Паёми созанда 27 – уми декабри соли 2018 дар донишгоҳ ҳамоиши бошукӯҳи омӯзгорону донишҷӯён бо мақсади ҷонибдорӣ, омӯзиш ва т...
Конференсияи фосилавии илмӣ – амалӣ Конференсияи фосилавии илмӣ – амалӣ 21 – уми декабри соли 2018 дар толори диссертатсионии донишгоҳ конференсияи байналмилалии фосилавии илмӣ – амалӣ...
Конференсияи байналмилалӣ Конференсияи байналмилалӣ 20 – уми декабри соли 2018 дар донишгоҳ бо ташаббуси Донишгоҳи савдою иқтисоди Беларус ба тариқи онлайн конференсия...
Забони илм ва фарҳанги миллӣ Забони илм ва фарҳанги миллӣ 13 – уми декабри соли 2018 дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ аз ҷониби аъзои кафедраи ...
Навид аз Санкт-Петербург Навид аз Санкт-Петербург Чанде пеш дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия дар ҷаласаи Шӯрои Маҷмаи байнипарлумонии давлатҳои...
Ҳамкориҳои судманд Ҳамкориҳои судманд Ҳар сол бо ташаббуси Раёсати ДДТТ бо мақсади ҷалби довталабон ба ин боргоҳи илму маърифат якчанд гурӯҳи корӣ дар...
Конференсия дар “Ҳилтон” Конференсия дар “Ҳилтон” 14 - уми декабри соли 2018 дар меҳмонхонаи “Ҳилтон” бо ташаббус ва дар асоси барномаи Сафорати Британияи Кабир дар...
Гурӯҳи тарғиботӣ дар Вахшу Бохтар Гурӯҳи тарғиботӣ дар Вахшу Бохтар Соли равон бо ибтикори Раёсати ДДТТ дар доираи чорабинии “Довталаб – 2019” бо мақсади тарғибу ташвиқ ва муаррифии...
Ифтитоҳи қаҳвахонаи ”Ҷило” Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар баробари дуруст ба роҳ мондани кори таълиму тарбия ба ҳалли...

Шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат

16-уми январи соли равон дар толори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии устодону кормандони донишгоҳ ва дигар сокинони кӯчаҳои гирду атрофи он бо гурӯҳи таблиғотӣ оид ба шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти роҳбарии и.в. ректори донишгоҳ, дотсент Толибов Қ.Қ. баргузор гардид.

Вохӯриро вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода оғоз намуда, нуқтаҳои асосии Паёмро вобаста ба рушди соҳаи гуногун, аз ҷумла иқтисодиёт шарҳ дода, зикр кард, ки таҳлили мазмуни умумии Паём нишон медиҳад, ки дар меҳвари он масъалаҳои таъмини зиндагии сазовор барои сокинони кишвар ва ғамхории зиёд нисбат ба қишрҳои гуногуни ҷомеа қарор гирифтааст.

Шариф Раҳимзода, инчунин, дар хусуси нишондиҳандаҳои макроиқтисодии миллат ҳарф зада, таъкид намуд, ки бо дарназардошти вазъи молиявии бонкҳои тиҷоратӣ бояд сатҳи маърифати молиявии мардум баланд бардошта шавад.

Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода баромад карда, нисбати сифати молу маҳсулот таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуданд. Ӯ, инчунин, дар бораи вазьи сиёсии давлатҳои ҳамсоя оиди ба тартиб даровардани раводид ба шаҳрвандони хориҷӣ, проблемаҳои дохилии давлатӣ ва беруна, ки аз Паёми Пешвои миллат бармеояд, суханронӣ карда, онҳоро ба таври муфассал шарҳу эзоҳ дод.

Роҳбари гурӯҳи тарғиботӣ, дотсент Қобил Толибов, ки Паёми Пешвои миллатро ҳамчун роҳнамо ва барномаи мукаммал барои рушду нумӯи тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ маънидод кард, оид ба масъалаҳои муҳими дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ зикршуда, аз ҷумла оид ба сиёсату иқтисод, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва муқоисаи онҳо бо солҳои қаблӣ, рушди соҳаи маориф ва ҳадаф аз эълон гаштани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сухан гуфта, ба ҳозирин нуқтаҳои асосии онро шарҳу тавзеҳ дод ва иброз дошт, ки ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар бояд Паёми Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, дар татбиқи амалии он саҳми назаррас гузорад.

 

шуъбаи робита бо ҷомеа

ДОНИШҶӮ

МАГИСТРАТУРА

КОРМАНДОН

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Demo contents Habar Шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат