Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Мо ба ҳамаи донишҷӯёни донишгоҳ дар супурдани имтиҳонҳои ҷамъбастӣ комёбию муваффақиятҳо таманно менамоем.

Асосӣ Асосӣ Demo contents Habar Рӯзи кормандони соҳаи гумрук

Таҳсилоти фосилавӣ

Sample image

Таҳсилоти замонавӣ дар инҷо бунёд мегардад.

Муфаcсал

Робитаҳои байналмилалӣ


Самтҳои асосии фаъолияти шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ

Муфаcсал

Литсей

Sample image

Литсей дар назди донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон.

Муфаcсал

Китобхона

Sample image

Китобхонаи донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон .

Муфаcсал

Донишгоҳи мо - ояндаи дурахшони Шумо

Хабарҳо

Дарси кушод оид ба амнияти молиявӣ Дарси кушод оид ба амнияти молиявӣ 1-уми июни соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ибтикори Донишкадаи «Ҷомеаи кушод»-и Хазина...
Замина ба оғози ихтисоси нав Замина ба оғози ихтисоси нав Бо ибтикори садорати факултети молия ва фаъолияти бонкии донишгоҳ 30-юми майи соли равон дар толори Шӯрои дис...
Оғози имтиҳонҳои ҷамъбастӣ Оғози имтиҳонҳои ҷамъбастӣ Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз 28-уми майи соли 2018 барои донишҷӯён имтиҳонҳои ҷамъбастӣ оғоз г...
Ба амну сулҳи кишвар шукр мебояд Ба амну сулҳи кишвар шукр мебояд Таъмини амну суботи кишвар, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ки дар саргаҳи онҳо ...
Дӯстиву ҳамкориҳои адабии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ Дӯстиву ҳамкориҳои адабии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер ... Абдураҳмони Ҷомӣ яке аз бузургтарин шоирони адабиёти классикии мо буда, адабиёти пурғановати форсу тоҷикро ...
Конференсияи илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи «Пешвои миллат – рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии мо ҷавонон» Конференсияи илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи «Пешвои милл... Имрӯз бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи «Пешво...
Сафари хидматӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон Сафари хидматӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон Аз санаи 15-ум то 19-уми майи соли ҷорӣ сафари ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ профессор Фақеров Ҳ.Н. в...
Озмуни иншои беҳтарин Озмуни иншои беҳтарин Тибқи нақша чорабиниҳои садорати факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ бахшида ба Соли ру...
Баррасии масоили доғи рӯз Баррасии масоили доғи рӯз 22-юми майи соли 2018 дар толори асосии донишгоҳ мулоқоти намояндаи масъули Агентии назорати давлатии молиявӣ в...
Рӯзи дарҳои кушода дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои кушода дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳур... Тибқи - нақша чорабиниҳои Дастгоҳи марказии ҲХДТ ва ташкилоти ҷамъиятии Созандагони Ватан, санаи 22.05.2018 Рӯзи ...

Рӯзи кормандони соҳаи гумрук

Санаи 22-юми январи соли равон дар толори Шӯрои диссертатсионӣ конференсияи илмӣ-амалӣ ба хотири Рӯзи кормандони соҳаи гумрук бо иштироки и.в. ректори донишгоҳ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Толибов Қ.Қ. ва меҳмонони гиромӣ доир гардид.

Дар муқаддимаи ҳамоиши мазкур и.в. ректори донишгоҳ Толибов Қ.Қ. кормандони соҳаи гумрук, мутахассисону омӯзгорони ин соҳа ва меҳмононро ба хотири Рӯзи кормандони соҳаи гумрук шодбошу таҳният гуфт ва пас аз он, бо камоли мамнуният риштаи суханро ба доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Нидоев Н.Ф. вогузор намуд.

Профессор Нидоев Н.Ф. дар мавзӯи «Нақши мақомоти гумрук дар рушди фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва таъмини бехатарии иқтисодӣ» суханронии бомазмуну пурмуҳтавое кард ва нақши мақомоти гумрукро дар рушди иқтисоди миллӣ муассиру боарзиш хонд.

Меҳмонони гиромии ин конференсияи илмӣ-амалӣ, проректори Донишкадаи молия ва иқтисод Қодиров Фирӯз ва декани факултети ҳисободорӣ ва омори ҳамин мактаби олӣ Насриддинов Ф.Б. перомуни кору фаъолияти мутахассисони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва, ба вежа, оид ба дастпарварони тахассуси гумруки ДДТТ, ки бо дониши комил ва фарҳангу хулқи неку писандида дар зинаҳои гуногуни хадамоти мазкур ба таври сазовору шоиста ифои вазифа мекунанд, изҳори андеша карданд.

Сипас, номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калон Бӯриев Л. ва номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калон Алиев М. дар мавзӯъҳои «Хусусиятҳои содагардонӣ ва сарфа намудани вақт ҳангоми гузаронидани расмиёти гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Раванди тарҳсозии хизматрасонӣ дар терминалҳои гумрукии логистикӣ» изҳори андешаҳои судманду созанда карданд.

Бахши дуюми конференсияи илмӣ-амалӣ, ки дар он омӯзгорони кафедраи фаъолияти гумрукӣ ва экспертизаи молҳо дотсент Ҳикматов С.И., дотсент Самиев Ф.Б., муаллими калон Холов М.Х., номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калон Раҷабова Н.Р. ва муаллими калон Ашӯров С.Н. бо маърӯзаҳои худ баромад карданд, бисёр ҳам хотирмону ҷолиб баргузор гардид.

шуъбаи робита бо ҷомеа

ДОНИШҶӮ

МАГИСТРАТУРА

КОРМАНДОН

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Асосӣ Demo contents Habar Рӯзи кормандони соҳаи гумрук