Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ! Раёсати донишгоҳ ҳар яки Шуморо ба муносибати фарорасии моҳи шарифи рамазон, растагориву иҷобати дуо, хайру саховат ва муҳаббату шавқат аст, аз самими қалб табрику муборакбод менамоянд.

Асосӣ News and Events Спартакиадаи донишгоҳӣ

Спартакиадаи донишгоҳӣ

Аз санаи 18-уми январ то ба 30-юми январи соли равон бо ибтикори раёсат, Кумитаи Иттифоқи касаба ва кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ дар ДДТТ Спартакиадаи донишгоҳӣ доир карда мешавад.

Дар Спартакиадаи мазкур сабқатҳо аз рӯи чор намуди варзиш: шоҳмот, тенниси рӯимизӣ, футболи хурд ва волейбол дар байни омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ гузаронида мешавад.

22-юми январ дар толори варзишии донишгоҳ бо иштироки и.в. ректор, дотсент Толибов Қ.Қ. ва ҳайати омӯзгорону кормандон сабқати варзишӣ аз рӯи футболи хурд оғоз шуд, ки дар он 6-даста: молия ва фаъолияти бонкӣ, тиҷорат ва гумрук, иқтисодиёт ва менеҷмент, мунсибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ, Маркази ТИК ва муҳосибот барои ба даст овардани мақоми ифтихорӣ вориди майдон гардиданд.

Пирӯзмандони Спартакиадаи донишгоҳӣ аз рӯи шоҳмот, тенниси рӯимизӣ, футболи хурд ва волейбол аз ҷониби раёсат ва Кумитаи Иттифоқи касабаи донишгоҳ бо туҳфаҳо ва ифтихонормаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ News and Events Спартакиадаи донишгоҳӣ