Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

МО НАСЛИ НАВРАС ВА ҶАВОНОНРО БОЯД ДАР РӮҲИЯИ ҲИССИ БАЛАНДИ МИЛЛӢ, ВАТАНДӮСТӢ ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ ТАРБИЯ КУНЕМ. ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Асосӣ Хабарҳо Маҳфилҳои илмии донишҷӯён

Маҳфилҳои илмии донишҷӯён

21 – уми феврали соли 2019 дар кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносии факултети тиҷорат ва гумрук бо кӯшиши муаллими калони кафедра Парвина Ахмадова маҳфили илмӣ аз фанни экология дар иқтисодиёт дар мавзӯи “Об – сарчашмаи ҳаёт” бо иштироки муовинони декан оид ба илм ва инноватсия ва тарбия Лоиқшо Бӯриев, Зарафшон Каримова, мудири кафедра Давлатмамад Сангмамадов ва омӯзгорону донишҷӯён гузаронида шуд.

Дар маҳфили илмӣ донишҷӯёни фаъол оид ба мавзӯи мазкур ва аҳамияти бузурги он дар замони муосир суханронӣ намуда, ба суолҳои ҳозирин посух гуфтанд.

Дар ҳамин рӯз дар кафедраи маркетинг ва тиҷорати факултети тиҷорат гумрук бо саъю эҳтимоми муаллими калони кафедра Файзулло Шамсов маҳфили илмии донишҷӯён доир гардид ки дар он муовини декан оид ба илм ва инноватсия Лоиқшо Бӯриев, мудири кафедра, номзади илмӣ иқтисодӣ, дотсент Абдумалик Ҳакимов ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Дар маҳфили илмӣ донишҷӯи курси 2 – юми ихтисоси 250110 Абдуллоева Ҳ. дар мавзӯи “Тавсифи омилҳои асосии муҳити маркетингии корхона” ва донишҷӯи курси 1 – уми ихтисоси 20020305 Худойдодова Д. дар мавзӯи “Нақш ва мавқеи маркетинг дар шароити муосир” суханронӣ карда, ба суолҳои аҳли нишаст ҷавоб гуфтанд. 

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Маҳфилҳои илмии донишҷӯён