Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

РАЁСАТИ ДДТТ КУЛЛИ ОМӮЗГОРОНУ КОРМАНДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲРО БА МУНОСИБАТИ ФАРО РАСИДАНИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ САМИМОНА ТАБРИКУ ШОДБОШ МЕГӮЯД.

Асосӣ Хабарҳо Рӯзи Артиши миллӣ

Рӯзи Артиши миллӣ

22 – юми феврали соли 2019 дар толори асосии донишгоҳ ҳамоиши бошукӯҳ ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ доир гардид, ки онро муовини ректор оид ба тарбия ва кори ташкилӣ, дотсент Акрамов Ф.М. оғоз намуда, меҳмонон – муовини фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ – ҳавоӣ ва Қувваҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ, полковник Абдурашид Ҳотамиён, муовини раиси Кумитаи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Убайдуллоҳ Қурбонов ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳро бо ин санаи фархунда табрик гуфт ва суханро ба Абдурашид Ҳотамиён вогузор кард.

      

Мавсуф дар бораи таъсиси Артиши миллӣ сухан ронда, таъкид намуд, ки саҳми Артиши миллӣ дар устувор гардонидани сулҳу амният, ҳифзи марзу буми кишвар ва дастовардҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр бузург аст.

Дар идомаи ҳамоиш Убайдуллоҳ Қурбонов, донишҷӯи курси якуми ихтисоси ҳуқуқи иқтисодӣ Дилшода Каримова ва омӯзгори кафедраи ҳуқуқи тиҷорат Фаррух Алиев оид ба нақши бузурги Артиши миллӣ дар таҳкими оромию осудагӣ ва амнияти кишвар ибрози андеша карданд.

Дар фарҷом аз номи вазири корҳои дохилӣ, генерал – полковник Рамазон Раҳимзода ба донишҷӯи курси 4 – уми ихтисоси 240101 Фирӯз Қодиров “Медали шоиста”, ба донишҷӯи курси 3 – юми ихтисоси 240103 Зебогул Шарифзода ифтихорнома ва аз номи раиси ноҳияи Фирдавсӣ М. Юсуфӣ ба донишҷӯи курси 5 – уми ихтисоси 250103 Рухсора Ҳакимова барои иштирок намудан дар озмуни ноҳиявии “Чакомаи гесӯ” ифтихорнома супурда шуд.

Инчунин, донишҷӯи курси 3 – юми ихтисоси 230101 Наврӯз Каримзода барои ишғоли ҷойи якум дар мусобиқаи гӯштини дзюдо дар байни ҷавонони кишвар аз номи раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода дипломи дараҷаи якум ва донишҷӯи курси 4 – уми ихтисоси 240101 Маҳмадюнус Олимзода барои ишғоли ҷойи якум дар мусобиқа аз навъи набарди тан ба тан дар Ҷумҳурии Қирғизистон бо диплом ва ҷом сарфароз гардонида шуданд.  

    

Шуъбаи робита бо ҷомеа

 

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Рӯзи Артиши миллӣ