Рӯзгоре барои ибрат

Печать

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади тарбияи ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, худшиносию худогоҳии ҷавонон ва софдилонаю содиқона хизмат кардани онҳо ба Ватан доир намудани суҳбату вохӯриҳои олимон, шоирон, нависандагон ва дигар шахсиятҳои маъруфро бо донишҷӯёни донишгоҳ ба роҳ мондааст.

Ҷамъомаде, ки рӯзи 26-уми феврал дар толори диссертатсионии донишгоҳ бо олими соҳаи иқтисод, профессор Ҷабборов Абдусаттор Ҷабборович баргузор гардид, аз ҷумлаи чунин чорабиниҳо ба ҳисоб рафта, дар он омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯёни зиёде ширкат доштанд.

Ҷамъомадро муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Файзалӣ Акрамов оғоз намуда, ба таври мухтасар аз фаъолияти илмию омӯзгорӣ ва хизматҳои арзандаи устод А. Ҷабборов дар рушди соҳаи иқтисодиёту иҷтимоиёт ёдовар шуда, ҳаёту фаъолияти ӯро барои наслҳои имрӯзаю ояндаи кишвар ибратомӯз маънидод кард.

 

Сипас, профессор Абдусаттор Ҷабборов дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва илмию омӯзгории худ, бахусус дар вазифаҳои раиси Комитети назорати халқӣ, раиси шаҳри Панҷакент, раиси Комитети Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷкистон кор карданаш ҳарф зада, аз лаҳзаҳои ибратомӯзи ҳаёту фаъолияти пурсамараш ёдовар шуд.

Тавре худи ӯ иброз дошт, устод муаллифи 30 асар мебошад, ки ҳамаи онҳо дар асоси зарурат навишта шуда, рӯи чоп омадаанд. Аз миқдори зикргардидаи асарҳои устод 7 – тоаш китобҳои дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ мебошад. Китобҳои дарсии “Асосҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Маблағгузории хурд”, “Суғурта”, “Фаъолияти суғуртавӣ” аз ҳамин қабил китобҳо маҳсуб меёбанд.

Дар хотимаи вохӯрӣ Абдуалим Ҳомидов – раиси созмони ҷавонони донишгоҳ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ҳаёту фаъолияти профессор Абдусаттор Ҷабборов барои мо ҷавонони саодатманди кишвар намунаи ибрат ва худи устод идеал ҳастанд.

Баъдан Файзалӣ Маҳрамович аз номи раёсати донишгоҳ ба устод А. Ҷабборов арзи сипос намуда, суҳбати онрӯзаро муфид ва таъсирбахш арзёбӣ кард.

Шуъбаи робита бо ҷомеа