Семинари илмӣ

Печать

27 – уми феврали соли 2019 дар кафедраи экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрукии факултети тиҷорат ва гумрук семинари илмӣ дар мавзӯи “Муайян ва ошкор намудани қалбакикории маҳсулоти озуқаворӣ” бо иштироки муовини декан оид ба илм ва инноватсия, номзади илми иқтисодӣ Лоиқшо Бӯриев, мудири кафедра, доктори илми иқтисодӣ, профессор Нозимҷон Нидоев ва омӯзгорон доир гардид.

 

Перомуни мавзӯи мазкур ассистенти кафедра Гулафзо Ҷӯраева суханронӣ намуда, омилҳо ва роҳҳои муайяну ошкор кардани қалбакикориҳои маҳсулоти озуқавориро нишон дод ва ба суолҳои аҳли нишаст посух гуфт.

Шуъбаи робита бо ҷомеа