Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши Шарқи куҳан ба ахтари ҳамеша тобон табдил хоҳад дод. Эмомалӣ Раҳмон.

Асосӣ Хабарҳо Рӯзи Модар

Рӯзи Модар

6 – уми марти соли 2018 дар толори асосии донишгоҳ бо саъю кӯшиши Раёсат ва аъзои факултети молия ва фаъолияти бонкӣ ба муносибати ҷашни Рӯзи Модар бо иштироки ректори донишгоҳ, доктори илми иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ.Н., меҳмонон – муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ оид ба иҷтимоиёт Назокат Маҳмадова ва муовини раиси Кумитаи Иттифоқи касабаи соҳавии Иттифоқи Тоҷикматлубот Замира Ахмедова ҷаласаи тантанавӣ ва барномаи фарҳангӣ доир гардид.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ мудири шуъбаи ҷавонон Абдуалим Ҳомидов оғоз намуда, суханро ба роҳбари донишгоҳ Фақеров Ҳ.Н. вогузор намуд.

Профессор Фақеров Ҳ.Н. кулли бонувону донишҷӯдухтарони донишгоҳро ба муносибати ҷашни фархундаи 8-уми март – Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, перомуни мақоми зан – модари тоҷик ва нақши бузурги он дар ҷомеа ибрози андеша кард.

Сипас аз номи Раёсати донишгоҳ ба 50 нафар донишҷӯдухтарони фаъолу аълохон 50 сомонӣ (ба ҳар кадом) супурда шуда, ба ҳамаи донишҷӯдухатрони донишгоҳ 30 – сомонӣ (ба ҳар кадом) маблағ ҷудо гардид.

Ҳамчунин, аз ҷониби Кумитаи Иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ ба 11- нафар бонувони бознишаста, ки дар рушди ин боргоҳи илму маърифат хидмати шоиста кардаанд, 100 – сомонӣ (ба ҳар кадом) маблағ ҷудо карда шуд.

Дар қисми фарҳангӣ донишҷӯёни фаъоли факултети молия ва фаъолияти бонкӣ бо рақсу суруд, қироати шеър ва саҳначаи ҳаҷвӣ хотири аҳли нишастро болида гардониданд.

Дар анҷом аз ҷониби роҳбарияти сохторҳои гуногуни давлатӣ ба бонувони фаъоли донишгоҳ ифтихорнома супорида шуд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Рӯзи Модар