Дидор аз АЛМА - МЕНЕҶМЕНТ

Печать

Аз 3 – юм то 8 – уми марти соли равон аъзои гурӯҳи кории лоиҳаи “Низоми менеҷменти сифат” аз Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДДТТ) бо сардории ҳамонҳангсози лоиҳа Қодирова З.Ҳ. ҷиҳати иштирок дар семинари илмӣ–амалӣ оид ба идораи низоми менеҷменти сифат ба Донишгоҳи Алма–Менеҷменти Ҷумҳурии Қазоқистон (AlmaU) сафари корӣ анҷом доданд.

 

Тибқи барномаи семинар намояндагони ДДТТ бо роҳбарияти AlmaU, аз ҷумла, бо ректори донишгоҳи AlmaU Курганбаева Г. ва ноиби якуми ректор Канагатова А. вохӯрӣ анҷом доданд. Баъди вохӯрӣ намояндагони ДДТТ бо донишҷӯёне, ки дар доираи барномаи табодул аз ДДТТ дар AlmaU таҳсил намуда истодаанд, вохӯрӣ анҷом дода ба шароити таҳсил ва будубоши онҳо аз наздик шинос шуданд.

Зимни вохӯрӣ бо донишҷӯён аз ҷониби донишҷӯёни ДДТТ дар AlmaU масъалаҳои таҳсилоти дудиплома, тариқи онлайн супоридани рейтингу имтиҳонҳои ҷамъбастӣ ва зиёд намудани муҳлати таҳсили онҳо дар AlmaU пешниҳод ва баррасӣ гардид.

Нимаи дуюми рӯзи аввал маърӯзаҳои гуногун аз ҷониби роҳбарон, мутахассисон ва коршиносони баландихтисоси AlmaU шунида шуда. Дар мулоқот маърӯзаи ректори AlmaU Курганбаева Г. дар мавзӯи “Фаъолияти кунунии низоми менеҷменти сифат дар донишгоҳи AlmaU” шунида шуд, ки дар он масъалаҳои гузаштани донишгоҳ ба шакли ягонаи рақамии идоракунӣ баррасӣ гардид. Сипас ноиби якуми ректори AlmaU Канагатова А. маърӯзаи худро дар мавзӯи “Менеҷменти таҳсилот”, пешниҳод намуда, ки дар он масоили моделҳои нави равандаи таълим, таҳлилҳо аз диди нав, мушкилотҳои ҷойдошта, салоҳиятнокии роҳбарони таҳсилот, маҳоратҳои касбӣ, идоракунии таҳсилот ва баланд бардоштани сифати таҳсил мутобиқ ба талаботи имрӯзаи ҷаҳонӣ шунида шуд.

 

Инчунин, дар идомаи семинар маърӯзаи ноиби ректор оид ба тадқиқот ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ Кристиан Кал дар мавзӯи “Байналмилаликунонии таҳсилот, сертификатсия, аккердитатсия ва рейтинги AlmaU” пешниҳоди ҳозирон гардид.

Боиси хушнуди аст, ки сардори шуъбаи ҳамкориҳои байналмиалӣ Абдувалиев М.Ҳ. барои курсҳои 3 – юми гурӯҳи англисии факултети менеҷменти молиявии AlmaU аз фанни макроиқтисодиёт дарс гуфт.

 

Дар бахши дигари семинар ноиби ректор оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ А. Тлеужанова дар мавзӯи “Барномаҳои таълимии навоваришуда” суханронӣ карда, пешниҳод намуд, ки азбаски муҳити таҳсилот дар AlmaU характери соҳибкорӣ дорад, пас нақшаҳои таълимии донишгоҳ низ бояд дар асоси фанҳои соҳибкорӣ таҳия ва пешниҳод гарданд. Пас аз хӯроки нисфирӯзӣ маърӯзаи навбатӣ дар мавзӯи “Коркарди нақшаи давравии таҳия ва татбиқи Низоми менеҷменти сифат дар AlmaU” аз ҷониби профессори мактаби олии менеҷмент дар донишгоҳи AlmaU Н.Никифоров, шунида шуд.

Дар семинар тамоми паҳлӯҳои лоиҳаи “Низоми менеҷменти сифат” бо дарназдошти таҷрибаи AlmaU, имконияту мушкилот, тарзи таҳияи барномаҳои таълимӣ, татбиқу баҳодии он дар шароити имрӯза мавриди баҳсу мунозираҳои тарафйн қарор гирифтанд.

Дар ниҳояти кор, бо камоли эҳтиром ва умеди ҳамкориҳои стратегӣ ректори AlmaU Курганбаева Г. ақидаҳои умедбахшонаи худро дар самти ояндаи дурахшон ва ҳадафи “хидмат ба ҷомеа” ҷамъбаст намуданд. Аз ҷониби ректори AlmaU Курганбаева Г. ба ҳар як узви гурӯҳи кории Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон сертификат тақдим карда шуд.

8 – уми марти соли 2019 гурӯҳи корӣ сафари хидматиро анҷом дода, ба ш.Душанбе баргашт.


Мудири шуъбаи
ҳамкориҳои байналмилалӣ Абдувалиев М.Ҳ.