Ҳамоиши илмӣ

Печать

18 – уми марти соли 2019 дар толори конфронсҳои донишгоҳ бо кӯшиши Раёсат ва намояндаи Институти “Ҷомеаи кушода”–и Бунёди Мадад – Тоҷикистон, ҳамоҳангсози барномаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон” Манучеҳр Камолиддинов дарси кушодаи омӯзгори кафедраи “Иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ” Замира Қодирова дар мавзӯи “Такмили механизми маблағгузории низоми таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид.

Нахуст бо сухани муқаддимавӣ Манучеҳр Камолиддинов ҳамоишро оғоз намуда, суханро ба Замира Қодирова вогузор кард.

Мавсуф бо мавзӯи мазкур оид ба механизми амалкунандаи маблағгузории давлатии низоми таҳсилоти олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ба суолҳои ҳозирин посух гуфт.

Шуъбаи робита бо ҷомеа