Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Печать

Рӯзҳои 14 – 15 – уми марти соли 2019 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти "Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" гузаронида шуд, ки дар он дар қатори дигар довталабони макотиби олии кишвар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ иштирок намуданд.

Боиси хурсандист, ки дар ин олимпиада донишҷӯи курси 3-юми факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ Дӯстов Хушбахт Олаҳмадович (дар сурат) дар соҳаи иқтисодиёт сазовори ҷойи 2-юм дониста шуда, бо диплом ва ифтихорномаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ сарфароз гардонида шуд. 

Донишҷӯи курси 2 – юми ихтисоси 250108 Ҳомидзода Асҳобиддин бошад, барои иштироки фаъол дар олимпиадаи мазкур бо ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.

Инчунин, донишҷӯён Саидбек Саъдуллоев, курси 1, ихтисоси 240101, Шаҳриёр Ҳомидов, курси 1, ихтисоси 250103в, Муҳибулло Қодиров, курси 4, ихтисоси 240101, Расул Авғонов, донишҷӯи курси 3, ихтисоси 25010801 барои иштироки фаъолонаашон бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

Раёсат, ҳайати омӯзгорону профессорони донишгоҳ донишҷӯёни зикргардидаро бо дастоварди илмӣ, ки дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ насибашон гардид, самимона шодбош гуфта, орзуманди онанд, ки дар фатҳи қуллаҳои навбатии илм, ки воқеан ҳам заҳмати зиёдро талаб мекунад, кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа