Шодбошӣ

Печать

Дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ба шодию хурсандии ҳайати омӯзгорону профессорон ва кормандону донишҷӯёни донишгоҳ шодии нав зам гардид.

Бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми феврали соли 2019, №2 (фармоиши №4 1/д.и. аз 05.03.2019) ба Шаропов Фарҳод Разоқович дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ дода шуд.

Раёсат, ҳайати омӯзгорону профессорони донишгоҳ Фарҳод Разоқовичро ба муносибати шарафёб гардиданаш ба дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ шодбош гуфта, ба ӯ дар фатҳи қуллаҳои навбатии илм ва саҳмгузорӣ дар рушди илми ватанӣ барору комёбиҳо тамано доранд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа